
Таҳлилҳо собит менамоянд медиҳанд, ки имрўзҳо ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ аз имконияту афзалиятҳои шабакаҳои интернет, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, дар барномаи ифротиашон беасос таблиғи андешаҳои ботил менамоянд. Ҳадафи ин бадхоҳони роҳгумкардаи дурӯя ба ҳамагон маълум аст, баҳри иҷрои супориши хоҷагонашон ба хамаи корҳои ношоям даст мезанад. Ин гуна афрод на миллату обрӯю эътибори давлатро сарфаҳм нарафта дар минбари барномаҳои ифротиашон ҳарзагӯӣ менамоянд. Пӯшида нест ва маълум аст, ки ин қабил бадхоҳони миллат пеш аз ҳама ноором намудан ва рахна сохтан ба девори сулҳу суботи кишвари соҳибистиқлоламон, барҳам задани умеду орзуи мардум ва дар вазъияти ногувор гирифтор намудани ҷомеаи имрўзаи мо кўшиш доранд. Алалхусус, имрӯзҳо иғвоҳои думрави ТТЭ ҲНИ, алалхусус Беҳрўз Тағойзода, узви аъзои “Гурўҳи-24”, мебошад, ки берун аз кишвар дар Аврупо қарор дошта, мунтазам тавассути шабакаи иҷтимоӣ дар барномаи ифротӣ бо номи “Садои мардум”, хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудa, дастовардҳои беназири Истиқлоли давлатиамонро нодида мегирад ва беасос нисбати роҳбарияти олии кишвар тӯҳмату ғайбат менамояд.Устодону донишҷӯёни боргоҳи илму маърифатамон зимни мақолаву изҳоротҳои хеш доир ба фаъолияти зиддидавлатии ин қабил бадхоҳону хоинони миллату давлат бо санаду далел ва мисолҳои зиёд навиштаанд. Иловатан вобаста ба баромади навбатии бадхоҳи дурӯяи роҳгумзада – Тағойзода Б. ибрози андеша намуда, сарввал онро шадидан маҳкум намуда, таъкидан қайд менамоем, ин бадхоҳи роҳгумзада, яке аз афроде мебошад, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза мисли ҳаммаслаку раҳбарият ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ чун думраваш дар таҳлука афтодааст. Боз такроран гуфтанием, ки ин бадхоҳи роҳгумзада бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашонро ба боди фано супурдаасту, ҳоло барои амалҳои навбатии нопокаш дар назди корфармоёнаш чӣ сарфу харҷ мешавад ҳисобот дода, дар пайи иҷрои супориши навбатии хоҷагони худ ҳар иғвою дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, гуфтан дорад. Масалан санаи 16 сентябри соли равон Б.Тағойзода дар барномаи ифротии «Садои мардум» сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишварамонро нодуруст арзёбӣ намуда, баробари ин, суханрониҳои подарҳаво оид ба, либоспӯшии хонандагон ва масоили содироти маҳсулоти хоҷагии кишвар ба хориҷ сухани карда, иброз дошт, ки тармеваҳо ба Аврупо содир намешаванд.Гуё ки мутахассиси ин соҳа бошад. Суханҳои бадхоҳи миллатро инкор карда, қайд менамоем, ки яке аз коргоҳҳо дар вилояти Суғд бо номи ҶСК “Зардолу компания”-ро мисол меорем, ки фаъолияташ ба содироти меваҳои тару тоза нигаронида шудааст. Коргоҳи мазкур бандубасти меваи тар, аз ҷумла, зардолуро ташкил намудааст. Коргоҳ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Пӯлод Ашӯров ҳанўз соли 2010 таъсис ёфта буд. Соли 2017 бошад, ӯ бандубасти аврупоиро ба роҳ мондааст. Баробари ин, бояд қайд кард, ки барои бандубаст намудани меваи тар таҷҳизоти замонавиро аз давлати Италия ворид намудааст. Дар як шабонарӯз наздик 50 тонна зардолу бандубаст карда шуда, меваи тару тоза ба давлатҳои Россия, Белорусия ва Қазоқистон содирот мешавад. Баробари ин, коргоҳ содироти меваи хушкро ба роҳ мондааст, ки он асосан ба кишварҳои Чин, Дубай ва Аврупо содирот мешаванд. Иловатан қайд менамоем, ки соли равон аз ҷониби соҳибкорони ноҳияи Ашт ба яке аз кишвари Аврупо, Лаҳистон (Полша) беш аз 100 тонна зардолу содир шудааст. Дар Амрико арзиши зардолуи ноҳияи мазкур як килограммаш ба 25 доллар аст.
Бояд қайд кард, ки дар ҷараёни баронома ба Б.Тағойзода суол дода шуд, ки кадом ихтисосро дорост? Тағойзода Б. ба суол посух дод, ки ихтисоси “сиёсатшинос” ва “сиёсатмадор”-ро хатм намудааст. Ба бесаводи бадхоҳи роҳгумзада гуфтанием, ки фарқи байни калимаи “Сиёсатшиносӣ” ва “Сиёсатмадор”-ро сарфаҳм равад. Дар қаламрави ҷумҳуриамон ҳоло 43 макотиби олӣ – донишгоҳу донишкадаҳо арзи вуҷуд доранд ва оё дар макотибҳои олӣ ихтисоси “Сиёсатмадор ҳаст”?!! Хонандаи закӣ аз ин суол ба худ хулосаи зарурӣ мебарорад.! Ҳоҷат ба баён нест!
Хулоса ҳар як шахс бе ягон мушкилӣ пай мебарад, ки Б.Тағойзода дар ҷараёни барнома бо суолу ҷавоби шаҳрвандон, худро бефарҳангу беодоб нишон медиҳад ва туҳматчию иғвогар буданаш аён аст. Аз сабаби надоштани ғояҳои худ Беҳрўз Тағойзодаба ба дурӯғпароканиҳои сиёсию идеологӣ ва тасарруф кардани моликияти зеҳнии дигарон даст мезанад. Таблиғотгароии ин бадхоҳи миллат бори дигар дар ин масъала нишон дод, ки чашмонашро пардаи ғараз кўр карда, дигар ҳеҷ қадами некро дида наметавонад. Ин ифротгар ба ҷойи ин корҳои иғвоангезона, корҳои хайр ба мисли пешниҳод кардани ғояҳои созанда барои инкишофи мамлакат ва ғайра боз машғул шуда, ба дигарон, хусусан ба ҷавонон ҳамчун намунаи ибрат мешуд. Баробари ин, хотиррасон бояд кард, ки шахси солимақл, танҳо барои муттаҳидию ваҳдатофарӣ, ифтихори ватандорӣ, покизагии маънавию ахлоқӣ ва инкишофи давлат кўшиш менамояд, байни ҷомеа нуфузу эътибори хосса пайдо мекунад, вале Беҳрӯзи Тағойзода, баръаксии ин хислатҳо мебошад. Шахсе, ки алайҳи Ватан ва миллати худ ғайбату иғвогарӣ мекунад, дар назди миллату давлат ҳатман ҷавоб хоҳад дод!
Дар интиҳои андешаи хеш мо Беҳрузи Тағойзадаи маъюси иғвогару ҳасадхўрро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои иғвоангезонаашро бори дигар шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозӣ нисбати кишвари азизамон сухан гӯянд!
Ф.ҚУРБОНОВ ,
мудири шуъбаи кор
бо ҷавонони ДИС ДДТТ