Санаи 18 сентябри соли 2023 делегатсияи донишкадаи мо бо роҳбарии сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳукумати Вилояти Суғд Ахмедов Шарифҷон Насимович ва директори донишкада Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба Донишгоҳи технологии Сиан ташриф оварданд. Барои донишкадаи мо ин панҷум донишгоҳи шарик аз вилояти Шаанши Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Зимни мулоқот ректори донишгоҳ, профессор Лию Юн Хе омодагии тарафҳоро барои барпо намудани робитаҳои ҳамкорӣ баён кард. Профессор Лию Юн Хе қайд кард, ки барои пеш бурдани ин шарикии нав сараввал рафту омад, яъне мубодилаи омӯзгорон ва донишҷӯён ба роҳ мондан лозим аст, то ки робитаҳои мо боз ҳам мустаҳкам гарданд ва минбаъд аз ин мубодилаҳои академӣ корҳои илмию тадқиқотӣ ва лоиҳаҳои гуногуги муштарак сарчашмаи худро мегиранд. Директори донишкада Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан дар бораи фаъолияти донишкадаи мо, аз самти байналмилалигардонӣ ва самтҳои илмии мо сухан карда, заминаи шарикии байни ду донишгоҳҳоро қайд намуд. Яке аз ин самтҳо Технологияҳои информатсионӣ-коммуникатсионӣ, ки Донишгоҳи Технологии Сиан дар ин самт пешсаф аст, мебошад. Директори донишкада д.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ ва зарурияти мутахассисони ТИК-ро дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон гуфта гузашт. Пас аз вохӯрӣ бо ректори донишгоҳ, презентатсияҳои шиносоӣ бо факултаҳои иқтисодиёт, технологияҳои информатсионӣ ва зеҳни сунъӣ ва идораи захираҳои обӣ барпо карда шуданд.