ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ВА РУСӢ НИСБАТИ АМАЛҲОИ ХОИНОНАИ ТТЭ ҲНИ

 

Мо устодони кафедра нисбати амалҳои хоинонаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ андешаҳои хешро иброз медорем. Пеш аз он,ки дар бораи фаъолияти иғвогаронаи ТТЭ ҲНИ сухан ронем, бояд қайд кардан зарур аст, ки ба сиёсати давлати дахолат намудани дин ин  яке аз масъалахои муаммовии сарбастаи сиёсӣ дар кишвархои мусалмонӣ гардидааст. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуктаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯххои муайян дар муборизахои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатхои мусалмонии Шарқ оташи чангхои ифротгароёнаро меафрӯзанд.

Ҳизбу харакатҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти мохияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемахо ҷой доранд. Дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Хулоса бо ин васила мехоханд, ки чаҳон мувофики хости онхо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар дар гузашта дузду чинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ афтода, аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшахои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд, ба монанди рохбари М.Кабирӣ -собиқ ҲНИ ва ё Паймони миллӣ, ки бо дастури хоҷагонашон шаҳрвандони моро бевосита дар давлатхои ҷанг рафтаистодаи Сурия ва Ироқ сафарбар менамоянд ва оқибат аксарияти онҳо ҳалок мешаванд. Имрӯз ҳам ин талошҳо ҷой доранд. Ҳама иқдомоти террористони наҳзатӣ ва пуштибононашон тавассути паҳн намудани иттилооти муғризона ва бардурӯғ ба ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба худашон, паст задани нуфузи давлатдории миллии мо нигаронида шудааст.Замоне фаро расидааст, ки қатъи назар аз гуногунии ақидаҳои сиёсӣ ва динию мазҳабӣ дар амри пешгирӣ аз хатарҳои экстремистӣ ва терроризм баҳри саодати мардумамон, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон ҳаммаром бошем.

Мо бояд ба ғавғоҳои беасосу бемантиқи қувваҳои аҳриманӣ дода нашуда, бо дарки амиқи ҳадафҳои неки созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичтар муттаҳид гардида, қуввату ғайрати худро минбаъд низ ба манфиати Ватан, таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ равона месозем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *