НАҲЗАТИЁН – ЕВРОМУЛЛОИ ХИЁНАТКОР

 

Наҳзатиёни евромуллошуда, дар асоси дастуру супоришҳои ҳочагонашон, алҳол бо роҳбари Муҳиддин Кабирӣ барои расидан ба ҳадафи нопоки худ бо найрангу роҳандозии иғвоандозии навбатиаш тариқи шабакаи иҷтимоӣ, аз ҷумла дар барномаи созмони “Паймони миллӣ…” бо эътирофу изҳоротҳои нав ба нав нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистон амнияти кишвари мо баромад намуда, кӯшиш дорад мардумро бо роҳи фиреб ба доми худ андохта, озодӣ, сулҳу амниятро халалдор намояд. Наҳзатиён – евромуллои хиёнаткор барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебурданд, ки дар натиҷа  бархе аз ҷавонон, мутаассифона, дар давлатҳои Сурия ва Ироқ бевосита амалҳои террористӣ содир намуда, оқибат ҳалок шудаанд. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки солҳои охир 70 фоизи шахсони ба сафи ҷангиёни кишварҳои дигар шомилшуда аз байни муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб ва истихдом гардидаанд.

Умуман евромуллоёни хиёнаткор, бахусус амалҳои хоинонаи Муҳиддин Кабириро мардуми тоҷик пайваста ва доимо маҳкум мекунад. Зеро Кабирӣ ва пайравони ӯ доимо ба иғвогарию тӯҳмат овора буда, амалҳои ғайриинсониро нисбати ҳамватану ҳаммиллати худ содир намудааст. Воқеан рӯз аз рӯз амалҳои номатлуби содирнамудаи собиқ аъзоёни ҲНИ, аз ҷумла М.Кабирӣ аён шуда истодааст, ки исботи он дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”бори дигар тасдиқи худро ёфт.

Итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

Хулоса дар назди мо-ҷавонон аҳли зиё, олимон ва соҳибватанон вазифаҳои бузургеро гузоштааст: бояд ба хотири ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони Истиқлолияти кишвар, ки имсол 30-солагии онро дар сатҳи баланд таҷлил хоҳем кард, доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ муборизаи беамон барем ва дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб гузорем.

 

КАРИМОВ И.И.,

сармуаллими кафедраи

иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *