Мо омӯзгорони кафедра тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба боздошту аз озодӣ маҳрум шудани Иззат Амон, бохабар ҳастем ва доир ба ин масъала ибрози андеша намуда, ёдовар мешаваем. Бояд қайд кард,ки Иззат Амон таи солҳои тӯлонӣ дар шаҳри Москва ва дигар шаҳру ноҳияҳои Федерастсияи Русия (ФР) иқомат дошта, роҳи қаллобиро пеша карда, чандин муҳоҷирони тоҷикро ғорат кардааст. Аз рӯи нишондоди ҷабрдидагон Иззат Амон ба боварии даҳҳо нафар корафтодагон даромада, бо роҳи фиреб маблағҳои калони пулӣ гирифта, аз худ намудааст. Дар ҳақиқат дар хориҷи мамлакат бархе аз муҳоҷирон аз надонистани ҳуқуқҳои худ ба ҳаргуна инсонҳои тасодуфӣ бовар карда, мавриди фиреб қарор мегиранд. Бо баробари ин, қайд кардан бамаврид аст, ки Иззат Амон қаблан барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ тибқи моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда буд ва дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.Баъди аз Русия мустарад(депортатция) кардан Иззат Амон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони мақомоти дахлдор дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд ва баъди иқрору тасдиқ шудани ҷиноятҳои содирнамудааш тибқи қарори Суд ба муҳлати муайян аз озодӣ маҳрум шудааст. Имрӯз доири ин масъала дар хориҷи кишвар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайравони ТТЭ ҲНИ баромадҳо намуда, ба ҳар васила мехоҳад нишон диҳад, ки гӯё Иззат Амон аслан гуноҳе надораду даст ба амалҳои ношоиста даст назадааст. Вале дар назди қонун гунаҳкор будан ва набудани ӯро танҳо Суд муайян мекунад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ба гуноҳҳои содирнамудаи Иззат Амон бо далелҳои раднашаванда тасдиқи худро ёфта, тибқи қарори Суд ба мӯҳлати нуҳ сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Махсусан аз муҳоҷирони тоҷик хоҳиш мекунем, ки бо даъвати иѓвогаронаи хоинони миллат дода нашаванд! Зеро чунин амалҳои зиддиҳуқуқӣ тибқи қонунгузории кишвари будубошӣ таъсири манфии худро мерасонад, яъне ба истирдод (депортация) оварда расонданаш аз эҳтимол дур нест. Набояд фаромӯш кард,ки воқенан Русия яке аз давлати бузург буда, мавқеааш дар ҷаҳони муосир хело баланд аст. Аз ин нигоҳ метавон хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем,ки мақомоти дахлдори Федератсияи Русия бо далелҳои раднашаванда тибқи қонунҳои амалкунана шаҳодатномаи шаҳрвандии Иззат Амонро бекор карда, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ кушода буд.
Хулоса, дар фарҷоми изҳороти хеш қайд менамоем, ки Иззат Амон қатори хоинони миллат чун Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин дар руихати сиёҳ қарор дорад. Ин гуна одамон барои худашон чоҳ мекобанд, ки дар интиҳо худашон ба он меафтанд. Чоҳкан зери чоҳ аст. Ҳақиқат талх аст вале қонун барои ҳама як аст ва бигузор Иззат Амон ҷазояшро бигирад зеро вай ба ин сазовор аст!