Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳбарони ТТЭ Паймони миллӣ ба ҳар васила суҳбату мусоҳибаҳо ташкил карда, нисбати давлату миллат суханҳои носазо мегӯянд, ки мо онҳоро шадидан маҳкум менамоем. Мардуми тоҷик дигар ба андешаву афкори заҳрогини онҳо бовар намекунанд.
Бозии рӯбоҳонаи роҳбари Паймони милли Тоҷикистон дар асл ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид. Баробари ошнои пайдо кардан аз сӯҳбати рӯ ба рӯи Кабирӣ бо мардуми кишвар, ба ин васваса ва ҳангомасозиҳои ӯ қоил гаштам. То ба дараҷае ботини ин шахс фасод гаштааст, ки мӯҳтавои суханони аз самими қалб ба мардумони азизаш гуфтааш пучу бемаъно ва дурӯғ асту дигар осоре нест. Ба ҷуз иғвою дасиса андохтан миёни давлату ҳукумат ва мардуми кишвар коре надорад.
Ин хиёнаткорони ватанфурўш, аз ҷумла М. Кабирӣ ва пайравонаш аз хориҷи кишвар истода, алайҳи давлату ҳукумат нақша кашида истодаанд ва бо ин иғвоангезии худ мехоҳанд бо ҳар баҳона амнияту суботи кишвари азизамонро халалдор намоянд.
Кабирӣ ва баъзе гурўҳҳои манфиатхоҳ оромии кишварамонро дидан намехоҳанд ва аз ин рў мехоҳанд бо тўҳмат ва ҳар гуна баҳона иғвоангезии худро давом дода, вазъи амну суботи кишварамонро ноором созанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ташкилоти экстремистиву террористии ТТЭ ҲНИ дар соли 2015 бо роҳи ошўби ҳарбӣ табаддулоти давлатӣ кардан мехост.
Амалҳои куштор, таркиш, харобкорӣ ва монанди ин хоси кирдориҳои ТТЭ ҲНИ мебошад. Кабирӣ фирефтаи пулу моли хориҷиён шудааст. Дуруст камтар пуле, ки арзиши ҳеҷ кореро надорад. Ба хотири ҳамин манфиати худ, имрӯз ҳазоронро дарбадару бенаво ва саргардон сохт.
Он ҳама бадбахтиҳое, ки ТТЭ ҲНИ аз оғози фаъолияташ ба сари мардуми тоҷик овард, ба ҳеҷ як дину мазҳаб дуруст намеояд. Роҳбарияти ин ҳизби хиёнаткор шарм накарда, ҳамаро монанди худ гумон мекарданд, яъне хоину ватанфурўшу дурўя, вале мардуми шарифи Тоҷикистон ақлу заковат ва фаҳму дарки худро аз даст надодаанд то ашхоси бадхоҳро аз ашхоси садоқатманд фарқ намоянд.
Мо андешаҳои бадхоҳона ва иғвоангези ин тоифа мардумро маҳкум менамоем ва боварӣ дорем, ки мардуми тоҷик ба фиребу сафсатаҳои онҳо аслан бовар намекунанд.