Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки ”Яке аз омилҳои то рафт густариш пайдо кардани зуҳуроти тероризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои итилоотӣ мебошад.Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омада ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад ”.
Дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ, ки имрӯз мамлакатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, боиси пайдоши падидаҳои номатлуби замон, амсоли терроризм, экстремизм ва сепаратизм гардида равобити байналмилалии кишварҳоро ноором сохта, ба амнияти онҳо таҳдид менамояд. Нигаҳдории осудагиву суботи сиёсӣ, ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони маҳбуб, аз вазоифи аввалиндараҷаи Ҳукумату роҳбарияти мамлакат маҳсуб ёфта, ҷомеаи шаҳрвандии моро водор менамояд, ки дар ин масъала бетараф набошанд.
Вазъи сиёсии кишварҳои олам махсусан Африқо, Шарқи наздик , Ҷанубу Шарқии Осиё ҳар як инсони комилро ба ташвиш меорад нерӯҳои бадхоҳ аксаран зери ниқоби дини мубини ислом зиддӣ арзишҳоии дунявии ҷомеа мубориза мебарад.Ҳоло он ,ки таърих исбот кардааст, беҳтарин навъи ҷомеае, ки дар он баробарии манфиатҳои ҳамаки динҳо, диндорон, иттиҳодияҳои динӣ ҳифз карда мешавад, ин давлати дунявӣ аст. Мутассифона дар ҷомеаи тоҷик низ баъзе гурӯҳҳое одамоне пайдо шудаанд, ки фазои ором, хушбахтӣ пешравии давлат, сохтмонҳои бузурги аср ва иншоотҳои стратегие, ки аз ҷониби сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешаванд, нодида гирифта даст ба амалҳои бади инсонӣ мезананд.Ин гурӯҳи одамонро бештар аз камсаводӣ хурофотпарастӣ ва мафкураи маҳдуди сиёсиашон истифода бурда ба онҳо донишҳои гуногуни диниро таълимӣ нодуруст медиҳанд.
Дарки мафҳумҳои дар боло зикршуда аст, ки Роҳбари муаззами кишварамон аз аксар минбарҳои баланди байналмилалӣ ва инчунин, Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар терроризм ва экстремизмро маҳкум намуда, аз дину мазҳаб, ватан ва миллат надоштани он таъкид мекунанд.
Дар таблиғи ақидаҳои террористӣ ва экстремистӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақаҳои гуногуни кураи замин манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷомеаи осоишта, алалхусус, ҷавонон таблиғ ва интишор менамоянд. Дар айни ҳол гурӯҳҳои террористии ба ном “Давлати исломӣ”, “Ҳизбуттаҳрир”, “Ҳизбуллоҳ”, “Ал-қоида”, “Боко-Ҳарам”, “Толибон” ва инчуин ҲНИ низ барои анҷомдиҳии ғаразҳоии сиёсӣ ва ақидаҳои ифротии худ фаъолият доранд.
Терроризм ва экстремизми муосир дар даҳсолаҳои охир бо прогресси илмӣ ҳамқадам ва дорои яроқу аслиҳаҳои гуногуннамуди қатли ом гашта, ҳатто дар ихтиёр васоити ахбори омма ва тарзҳои интиқоли иттиллот, инчунин механизми муосири таблиғотиро низ ба даст овардидааст.
Терроризм ва экстремизми муосир бо худ хислати оммавиро соҳиб гашта, дар он мутаассифона на танҳо гурӯҳҳои сиёсӣ, балки иттиҳодияҳои миллӣ ва динӣ, ки дар асоси манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташкил шудаанд, низ ҷалб карда шуда истодаанд, зеро терроризм имрӯз чун силоҳи асосии расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии онҳо мубаддал гашта, террорист ва экстремист ҳамчун ашхоси иҷрокунанда ва воситаи расидан ба мақсадҳои ғаразноки онҳо табдил гаштааст. Вале ин ҳама наметавонад асоси пешрафти фаъолият ва ҳукмронии даҳшатангезонаи ин ниҳодҳо бошад, зеро то ба ин замон таърих гувоҳ аст, ки ягон шахс, гурӯҳ, ҳизб, ҳаракат ва инчунин, соҳибдавлате агарчанде соҳиби тамоми иқтидор бошад ҳам, бо зӯрӣ, бимдиҳӣ ва куштору ғорат наметавонад пояҳои давлатдории хешро мустаҳкам гардонад, балки ин амал боиси шикаст, хорӣ ва залилии он гардида метавонад.
Дар ин росто, боз ҳам аз суханони қотеъ ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мубориза бо терроризм ва экстримизм фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд ва истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстримизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад – гӯён таъкид месозанд, хело бомаврид буда, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналхалқӣ, ки мубориза бо терроризм ва экстремизмро маҳаки кори хеш қарор додаанд, заминаи муҳим ва ҳушдори бамаврид маҳсуб меёбад.