Изҳороти кафедраи забонҳои хориҷии  ДИС ДДТТ оид ба пешниод, суханронию суҳбатҳои М. Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳбарони ТТЭ Паймони миллӣ ба ҳар васила суҳбату мусоҳибаҳо ташкил карда, нисбати давлату миллат суханҳои носазо мегӯянд, ки мо онҳоро шадидан маҳкум менамоем. Мардуми тоҷик дигар ба андешаву афкори заҳрогини онҳо бовар намекунанд.

Бозии  роҳбари Паймони милли Тоҷикистон дар асл ТТЭ ҲНИ  М. Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид. Баробари ошнои пайдо кардан аз сӯҳбати рӯ ба рӯи Кабирӣ бо мардуми кишвар, ба ин васваса ва ҳангомасозиҳои ӯ қоил гаштам. То ба дараҷае ботини ин шахс фасод гаштааст, ки мӯҳтавои суханони аз самими қалб ба мардумони азизаш гуфтааш пучу бемаъно ва дурӯғ асту дигар осоре нест. Ба ҷуз иғвою дасиса андохтан миёни давлату ҳукумат ва мардуми кишвар коре надорад.

Ин хиёнаткорони ватанфурӯш, аз ҷумла М. Кабирӣ ва пайравонаш аз хориҷи кишвар истода, алайҳи давлату ҳукумат нақша кашида истодаанд ва бо ин иғвоангезии худ мехоҳанд бо ҳар баҳона амнияту суботи кишвари азизамонро халалдор намоянд.

Кабирӣ ва баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳ оромии кишварамонро дидан намехоҳанд ва аз ин рӯ мехоҳанд бо тӯҳмат ва  ҳар гуна баҳона иғвоангезии худро давом дода, вазъи амну суботи кишварамонро ноором созанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ташкилоти экстремистиву террористии ТТЭ ҲНИ дар соли 2015 бо роҳи ошӯби ҳарбӣ табаддулоти давлатӣ кардан мехост.

Амалҳои куштор, таркиш, харобкорӣ ва монанди ин хоси кирдориҳои  ТТЭ ҲНИ  мебошад. Кабирӣ фирефтаи пулу моли хориҷиён шудааст. Дуруст камтар пуле, ки арзиши ҳеҷ кореро надорад. Ба хотири ҳамин манфиати худ, имрӯз ҳазоронро дарбадару бенаво ва саргардон сохт.

Он ҳама бадбахтиҳое, ки ТТЭ ҲНИ аз оғози фаъолияташ ба сари мардуми тоҷик овард, ба ҳеҷ як дину мазҳаб дуруст намеояд.  Роҳбарияти ин ҳизби хиёнаткор шарм накарда, ҳамаро монанди худ гумон мекарданд, яъне хоину ватанфурӯшу дурӯя, вале мардуми шарифи Тоҷикистон ақлу заковат ва фаҳму дарки худро аз даст надодаанд то ашхоси бадхоҳро аз ашхоси садоқатманд фарқ намоянд.

Мо андешаьои бадхоьона ва ищвоангези ин тоифа мардумро маькум менамоем ва боварц дорем, ки мардуми тожик ба фиребу сафсатаьои оньо аслан бовар намекунанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *