Андешаҳои раиси Паймони миллиро маҳкум менамоем!

 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромаду суханрониҳои Раиси Паймони миллӣ ва ТТЭ ҲНИ вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Мо ба андешаҳои муғризонаи ин гуруҳҳои бадхоҳи миллат мухолифем ва намехоҳем онҳо бо суханҳои авомфиребонаи худ зидди давлату миллат садо баланд кунанд. Шукр аз он дорем, ки имрӯз давлати мо тинҷу осудааст.

Пешравии давлат аз осудагист. Гурӯҳҳои ифротӣ мехоҳанд бо парчамҳои дин ва мазҳаб ба мансабҳои давлатӣ оянду халос, онҳо фикр мекунанд, ки бар сари давлат нишинанду бас, аммо давлатдорӣ кори саҳл нест. Барои мо мисол шуда метавонад давлатҳои араб, ба хусус давлати тинҷу ороме, ки онро ҳамин гуна гурӯҳҳои ифротӣ вайрон карданд, Украина мебошад. Онҳо сараввал танҳо тағйир додани сохти давлатро мехостанд, аммо вақте бар сари давлат нишастанд кор тамоман ранги дигар гирифт, аз ин рӯ мо набояд ҳушёрии сиёсиро аз даст диҳем ва нагузорем, ки давлати тинҷу ороми мо нотинҷ, падарону модарон ва зану фарзандони мо бе сарпаноҳ ва бе саробон монанд.

Мутаассифона, ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гуруҳҳое таъсис ёфтаанд, ки мехоҳанд бо истифода аз номи ислом ва берун аз нишондодҳои он ба амнияти дохилии ҷамъиятӣ тафриқа андозанд. Яке аз чунин гуруҳҳо Ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ТЭТ ҲНИ) буда, аз давраи аввали истиқлолият то имрӯз, новобаста аз ҳукмфармоии ваҳдати миллӣ, вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, устувории сиёсати дохиливу хориҷӣ, болоравии некӯаҳволии мардум, таваҷҷӯҳи бештар ба илму маориф, умуман тараққиёти босуръату мунтазам мехоҳанд, бо роҳи ғайриқонунӣ ба ҳокимият дастёб шаванд. Қисмати асосии аҳолиро ташкил кардани пайравони дини мубини ислом бошад, онҳоро водор месозад, то ба доми бозиҳои сиёсӣ кашида шаванд. Хусусан, тарғиби таълимотҳои бунёдгароӣ ва татбиқи он, ки пеш аз ҳама дар замони зуҳури ислом аҳамияти бештар дошт, меҳвари асосии муборизаҳои ТЭТ ҲНИ-ро ташкил медиҳад. Фундаменталистон баргаштан ба низоми идоракунии хилофатро ҷонибдорӣ менамоянд. Баррасии масоили фундаментализм дар замони муосир ва таҳдидҳои он ки ба ташаккули терроризму экстремизм, актуалиятнокии омӯзиши шаклҳои зуҳури онро нишон медиҳад. Моҳияти асосии таълимоти идеологии фундаментализми исломро риояи бечунучарои меъёрҳои динӣ, ки дар он танқиди ҳокимият, сиёсатмадорон, ошкорсозии камбудиҳои онҳо пурра манъ гардидааст, ташкил медиҳад.

Доштани ҳадафи зиддиконститутсионӣ худ шаҳодатгари он аст, ки бо соҳиб шудани ҳокимият низ хунрезиҳову ошӯбаҳо дар байни ҷомеа идома меёбанд. Чунин амалҳои хурофотпарастонаву ваҳдатшиканона назди бадномсозии дини мубини ислом дар арсаи байналхалқӣ ҳеҷ аст.

 

Исроилҷон  Иброҳимов, н.и.ф.м., ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *