ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ВА РУСӢ ОИД БА БЕЭҲТИРОМӢ НИСБАТИ БОНУВОН ВА ҲАМОҚАТҲОИ М.КАБИРӢ

Мо омӯзгорони кафедра аз шабакаи Интернетӣ оид ба суханҳои кабеҳи Мухиддин Кабирӣ нисбати як зане бо номи Ҳарамгули Қодирӣ огаҳ шуда, зарур донистем, ки доир ба он мулоҳизаҳои худро иброз намоем. Мо шоҳиди он шудем, ки М.Кабирӣ ба ғайр аз иғвогариву ҳиёнаткорӣ инчунин нисбати зан ноҳурматӣ зоҳир намуда, аз ҷумла, бо воситаи телефонӣ мобилӣ Ҳ.Кодириро дашному ҳақорат дод .Зан чи ки набошад, набояд ин хел рафтору сухан кард!

Лозим ёдоварист, ки дар яке аз баромадҳои қаблии М.Кабирӣ занонро ҳимоятгарӣ карда, ҳукумату давлати моро зери эрод гирифта, иброз дошта буд, ки гӯё дар кишвари мо ҳуқуқи занон риоя карда намешавад ва ҳоқазо. Имрӯз бошад бе риояи шарму ҳаё суханҳои нороворо раво дид. Таъкидан М.Кабириро хотиррасон менамоем, ки инсон бояд дар ҳаёт роҳи некро интихоб кунад, чунки роҳи рост инсонро ба роҳи нек ҳидоят мекунад: росткорӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, инсонпарварӣ, меҳру муҳаббат, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҷодкорӣ ва сулҳу салоҳро талқин мекунад. Фаромӯш набояд кард, ки инсони комил он касест соҳибмаърифат, донишманд, соҳибистеъдод, накӯкор ва ибратомӯзи имрӯзи рӯзгор. Ё касест, ки суханаш адаб, ишорааш маънй, кирдору рафтораш кони ҳусну малоҳат ва хираду заковаташ дурри ноёбу гаронбаҳост. Ё касест, ки ҷомеа аз ӯ ибрат мегирад. Саволе ба миён меояд: хислатҳои номатлуб кадомҳоянд ва онҳо аз куҷо сар мезананд? Пеш аз ҳама бетарбиятй, беадабй, бемаданиятй, дуздию мардумфиребӣ, кинаҷуиву бешармй, ноадолатию разилй ва амсоли ин ба қатори хислатҳои номатлуб дохил мешаванд, ки инсонро ба қасодию беиффатй ва беобрӯгиву шармандагй оварда мерасонанд. Аз рафтору кирдор ва суханбозиҳои М.Кабирӣ ба хулосае омада, дар интиҳои изҳороти хеш иброз медорем, ки умуман наҳзатиён қудрати фикрӣ ва фарҳангиро надорад ва бо ҷаҳлу ҳирси худ аксарияташон қурбонии бозии навбатии сиёсию тиҷории манфиатҳои хоҷагони хориҷӣ шудааст. Ҷои таассуф аст, ки ному симои наҳзатиён ҳамчун ватанфурӯшону савдогарони ватан ва бо баробари ин ноҳурматии онҳо нисбати зан дар таърихи миллати мо сабт хоҳад шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *