Амалҳои НОМАТЛУБИ НАҲЗАТИЁН — ДОFИ ҶОМЕА

Имрӯз амалҳои номатлуби наҳзатиён – ТТЭ ҲНИ барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум гардидааст ва халқи тоҷик амалҳои онҳоро шадидан маҳкум менамояд. Воқеан фаъолияти наҳзатиён танҳо аз хиёнату фиребгарию дуруғгуйӣ, иғовару вайронкорӣ иборат аст. Бо баробари ин, бояд ёдовар шуд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ наҳзатиён бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ ба қатлу куштор ва хунрезӣ даст задаанд, ки мардуми тоҷик ин амалҳои ношоиста ва ғайриинсонии онҳоро хеҷ гоҳ намебахшад. Имрӯз аксарияти наҳзатиёни ҷиноятпеша дар Аврупо иқомат дошта, чун солҳои қаблӣ ҳадафашон муғризона, аъмолашон нопоку пурдоғ мебошад. Дар иртибот ба ин бояд қайд кард,, ки аз кишварҳои мухталифи дунё,  инчунин, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бархе аз ҷавонон дар натиҷаи костагии маърифати сиёсӣ, фарҳангӣ  ва надонистани динии хеш ба доми фиреби наҳзатиён ва равияҳои ифротӣ афтода, ба номи тоҷику Тоҷикистон доғ меоранд. Чунончӣ тибқи хабаргузориҳои Ҷумҳурии Туркия, санаи 14-уми апрели соли 2021 дар як амалиёти махсус 11 нафар бо гумони ҳамкорӣ бо гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” боздошт шудаанд. Дар миёни онҳо, мутаассифона, номи зодаи Тоҷикистон, бо номи Солиев Солеҳи 31 сола, низ зикр мешавад. Инчунин дар асоси расонаҳои иттилоотии кишвар дар соли 2020 дар маҷмуъ 271 нафар аъзо ва тарафдорони гурӯҳҳои ифротӣ ва равияҳо ҷинояти дорои хусусияти террористию экстремистӣ содир намудаанд. Аз ҷумла: “Ҳизби наҳзати ислом”- 17, “Бародарони мусалмон”-  148 нафар; “Давлати исломӣ” -39;“Гурӯҳи 24”- 8;; “Ансоруллоҳ”-8; “Ал-қоида”-3; “Ҳаракати Толибон” -1 нафар дастгир шуданд.

Хулоса, амалҳои номатлуби наҳзатиён, ки доғи ҷомеа аст, имрӯз  мардуми тоҷик пайваста ва доимо маҳкум мекунанд. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки ҷавонон дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ мондаанд.

Дар интиҳои мақолаи хеш иброз медорем, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории Истиқлолиятт, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

  М.Мамадҷонова, ассистенти кафедраи

забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *