ҲНИ-ПОЙМОЛКУНАНДАИ ҲУҚУҚИ БАШАР.

Ҳамзамон ёдрас бояд кард, ки китоби «Чаро аз Ислом рӯй гардонидӣ?» ба муқобили онҳое навишта шудааст, ки аз дини ислом хориҷ шуда, дину мазҳабҳои дигарро, ба мисли дини насронӣ, мазҳаби баҳоия ва ғайра қабул карда, аз ислом хориҷ шудаанд ва ба гуфти назҳатиён «муртад» гардидаанд. Вале ин далел наметавонад асосе барои таҳқиру истеҳзои мардумони яҳуду насронӣ ва китобҳои муқаддаси онҳо бошад. Ин ҷо ҳадафи назҳатиён асосан тарғиби ғояҳои «инқилоби исломӣ» мебошад. Онҳо бо баҳонаи «насиҳат» кардани «муртадшудагон» аслан кӯшидаанд, ки сиёсати Ҳукумати Исломии ҶИЭ-ро нисбат ба яҳудиёну масеҳиён дар тафаккури мусулмонони Тоҷикистон ҷой кунанд ва яҳудиёну насрониёнро ба «куфру муртад» будан гунаҳкор намуда, онҳоро дар қатори мушрикон гузошта, тасдиқ намоянд, ки «ҷазои муртад қатл аст» Албатта, тарғиби ин гуна ақидаҳои динӣ-ифротӣ аз ҷониби ҲНИ ба шуури мусулмонони Тоҷикистон, бахусус ҷавонон, бетаъсир намемонад ва метавонад дар онҳо ҳисси бадбинию нафратро нисбат ба яҳудиёну насрониён бедор карда, барои барангехтани низоъҳои динӣ-мазҳабӣ заминаҳои ақидавӣ фароҳам оварад ва амну суботи ҷомеаи Тоҷикистонро, ки дар он пайравони динҳои мухталиф кору зиндагӣ мекунанд, вайрон созад.

Беҳуда нест, ки дар ибтидои солҳои 90-уми садаи ХХ, вақте ки ҲНИ ба фаъолияти ошкоро шурӯъ намуд, аксарияти кулли яҳудиёну насрониён аз Тоҷикистон фирор карданд. Онҳоро маҳз майдоншинию тазаҳҳуроти таъсисдодаи ҲНИ ба ҳарос афканда, дар онҳо эҳсоси «исломҳаросӣ» (исломофобия)-ро ба вуҷуд оварда буд. Аз ин нигоҳ, дар ривоҷ ёфтани падидаи «исломҳаросӣ», ки имрӯз ба як раванди сиёсӣ табдил ёфтааст, нақши ҲНИ низ калон аст. Ҳол он ки нақши яҳудиёну насрониён дар инкишофи илму санъат, иқтисодиёт, соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустии Тоҷикистон хеле калон буд. Вале ҲНИ ҳамаи он чизе, ки яҳудиёну насрониён эҷоду бунёд карда буданд, солҳои 90-уми садаи XX онҳоро харобу нобуд сохтанд.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки куштори ҳайати СММ соли 1997 дар н.Тавилдара ва сайёҳони  насронимазҳаб дар моҳи августи соли 2018 дар н. Данғара ва садҳо амалҳои террористии дигар бо дасти террористони ҲНИ анҷом ёфтааст. Аъзои ҲНИ дар ҷангҳои Сурияву Ироқ низ иштирок кардаанд. Имрӯз дар сафи гурӯҳҳои террористии Афғонистон низ амал мекунанд. Хулоса, фаъолияти экстремистӣ-террористии ҲНИ кайҳост, ки хусусияти байналмилалӣ касб кардааст. Аз ин рӯ, нисбат ба ҲНИ аз рӯи меъёрҳои духӯра муносибат кардан хилофи санадҳои ҳуқуқи башар буда, эътибори Кумитаи ҳифзи  ҳуқуқи инсони СММ ва САҲА-ро дар кишварҳои мусулмонӣ метавонад коҳиш диҳад.

Бинобар он, аз ҷониби Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ манъ гардидани фаъолияти  ҲНИ амри воқеӣ ва ногузир буда, он на танҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин мувофиқи талаботи санадҳои ҳуқуқи башар сурат гирифтааст ва ҲНИ аз ҷониби масъулони САҲА бояд ҳамчун як ташкилоти экстремистӣ-террористии дорои хусусияти байналмилалӣ  эътироф гардад.

 

Ҷумаев А.Қ., н.и.и., мудири кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *