Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ оид ба навиштаҳои ашхоси бадкина нисбати таҷлили Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

 

Мо, устодони кафедра ба кулли ҷавонони ояндасози миллати хеш муроҷиат намуда, мехоҳем диққати онҳоро ба масъалае, ки имрӯз ба ҷомеаи кушоди мо якчанд ашхосони бадкина бо ҳаргуна суханҳои беасосу дуруғу бемантиқи худ мехоҳанд дар Тоҷикистони орому осуда ва сулҳовар, байни мардумони бофарҳангу худшиносу худогоҳаш зиддияту нифоқу кина барангезанд, ҷалб намоем. Чунончӣ, рӯзҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ оид ба таҷлили Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ навиштаҳои иғвоангез ва бардурӯғу пур аз тӯҳмат, ки заминаи воқеӣ надоранд ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, ин шахсияти ба кишвари мо бегона бо номи Шамил Назарзода, ки худро «адолатпарвар» шуморида аз номи мардуми сарбаланди Мастчоҳ суханҳои бемантиқ ва беасос пеш аз пода ҷанг хезонда истодааст. Гуё, ки ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Масчоҳ бургузор мегардад. Дуруст аст, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳо ҷашни Ваҳдат бояд дар Мастчоҳ баргузор гардад. Вале бояд ёдовар шуд, ки дар асоси Протоколи ҷаласаи назди роҳбари Ситоди байниидоравии ҷумҳуриявии мақомоти таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли2020, №АП-1365 доир ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси “COVID-19″ ва тибқи супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.03.2020, №2к/20-25  таъкид карда шудааст, ки бо баробари риояи қоидаҳои санитарию гигиении шахсӣ ва ҷамъиятӣ то муътадил гардидани ваъияти эпидемилогии сирояти нави коронавирус дар миқёси ҷумҳурӣ гузаронидани маъракаҳо ва чорабиниҳои оммавӣ муваққатан маҳдуд карда шавад. Вале бо вуҷуди ин Шамил Назарзода хулосабарорӣ накарда, гапҳои беасосу бемантиқ мегӯянд ва худро “ҳақиқатҷӯй” мешуморад. Каме андеша кунанд…! Худи ӯ кист? Кадом амалҳои некашонро халқи тоҷик медонад? Воқеан мардуми сарбаланди Мастчоҳ худашон хеле хуб метавонанд сафедро аз сиёҳ ҷудо намоянд.

Доир ба масъалаи матраҳшуда бо боварии комил  метавон  гуфт, ки  умуман кулли сокинони кишвари азизамон аз ҷумла, мардуми ноҳияи Мастчоҳ худашон вазъиятро ба таҳлил гирифта, ба ҳар гуна овозаву иғвогариҳоро махкум карда истодаанд. Бинобар ин, имрӯз Тоҷикистону тоҷикистониён ба ин гуна ашхоси фитнаангез ба мисли Шамил Назарзода эҳтиёҷ надоранд. Дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *