Дар шароити имрӯза, ки коронавирус ҷаҳонро фаро гирифтааст, вазъият аз одамон боз ҳам дӯстӣ, рафоқат, иттифоқӣ ва сарҷамъиро талаб менамояд. Ҳамин аст, ки имрӯз тамоми кишварҳои ҷаҳон ба ин мушкилот диққати махсус медиҳанд ва тамоми тавоноии худро баҳри бартараф сохтани он равон менамоянд. Дар баробари ҳукуматҳо, инчунин, одамони сарватманд, варзишгарони машҳур, ситораҳои маъруфи санъат ва дигар нафарони муваффақ маблағҳои худро дареғ надошта, ба кишварҳои камбизоат ва оилаҳои нодор харҷ менамоянд. Новобаста аз сиёсатҳо, эътиқодот, муносиботи динию мазҳабӣ ва ҳизбӣ ҳамаи онҳо муттаҳид гардида, мекӯшанд, ки ҳаёти инсониро аз ин вартаи нобудӣ раҳо намоянд. Дар ин шароити вазнин ҳар нафари ватандӯст бо маслиҳат, рафтору кирдори худ кӯшиш намуданаш лозим аст, ки мо чӣ тавр аз ин вазъият бо камтарин талафот бароем. Агар аз ӯҳдаи ин гуфтаҳои дар боло номбаршуда набароед, аққалан халал нарасонед, ки роҳбарияти кишвар баҳри аз ин бало халос шудан чораҳои заруриро сари вақт бинанд.
Лекин дар фазои иттилоотӣ нафароне бо маълумоти бардурӯғи вайронкунандаи муносибати табақаҳои гуногуни мардум мебароянд ва дар байни мардум низоъ, ҳисси инсонбадбинӣ, нобоварӣ паҳн мекунанд. Ба ин хитобаи масчоиён ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо имзои Шамил Назарзода мисол шуда метавонад. Дар ҳоле, ки тамоми сокинони кишвар дар бораи чӣ тавр кам кардани зарари ин вабои аср фикр мекунанд, Назарзода дар бораи баргузории ҷашни Ваҳдат дар ноҳияи Масчоҳ ва зидди он будани сокинони ноҳия хитобномае дарҷ намудааст. Мо медонем, ки аз санаи 30.04.2020 расман мавҷуд будани нафарони дорандаи вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст. Аз ин сабаб мувофиқи қабули чораҳои фаврӣ баргузории чорабиниҳои оммавӣ дар қаламрави кишварамон манъ карда шудааст. Аз ин сабаб Назарзода аз номи тамоми мардуми як ноҳия баромад карда, ҳамаро ба иштибоҳ даровардан ин кори ниҳоят паст аст. Маълум мешавад, ки мақсади асосии ӯ сӯистемол аз вазъияти ногувор мебошад. Агар ту худатро ғамхори мардум меҳисобӣ, пас чаро дар ин давраи мушкил туҳмату дурӯғро паҳн менамоӣ ва дар ҷомеа тухми адоват кишт мекунӣ? Агар заррае нанги миллӣ, номуси ватандорӣ ва ифтихори тоҷикӣ медоштӣ, ҳеч гоҳ ба чунин пастигарӣ даст намезадӣ.
Ту агар дар хунат заррае мардигарӣ медоштӣ, агар аз хавфи коронавирус нисбати ҳамдиёрон агар заррае дилат месӯхт, барои хешу табор, аҳли диёрат чанд ниқоби тиббӣ, миқдоре доруворӣ харидорӣ мекардӣ!