Изҳороти кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ оид ба фаъолияти ТТЭ ҲНИ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2018 таъкид намуд, ки аз устодону омўзгорон ва падару модарон талаб карда шавад, ки диққати наврасон ва донишҷўёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, онҳоро дар рўҳияи донишомўзиву хештаншиносӣ, меҳанпарастиву ватандўстӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намоянд, чун ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст ва қувваи асосии зиндаи он аз ҳисоби ҷавонон ва наврасони дур аз таълим ва тарбияи падару модар монда ташкил медиҳад.

Сабабҳои ҷанги шаҳрванди тадқиқу таҳлили амиқро талаб мекунад. Заминаҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тадриҷан ташаккул меёфтанд. Мубориза байни нерӯҳои мухталифи сиёсӣ барои ҳокимият, тақсими доираи нуфуз ва эътибор вазъияти сиёсии бе ин ҳам мураккабро тезутунд мегардонид. Аз тарафи дигар корношоямии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба ин ҳолат мусоидат мекард. Фаъолияти онҳоро тартиботи ҳуқуқӣ ба низом андохта наметавонист. Ҳамчун ифодагарони манфиатҳои гурӯҳҳои иҷтимоии гуногун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва нерӯҳои дигари сиёсӣ, ки назария ва равияҳои мухталифро инъикос менамуданд аз воситаҳо, тарз ва усулҳои ҳархела истифода мекарданд.

Дар як муддати кӯтоҳ шаклиҳои гуногуну зиёди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфта, ба фаъолияти сиёсӣ пардохтанд. Дар қатори Ҳизби Коммунист ҲДТ ва ҲНИ ба расмият шинохта шудаанд. Инчунин ҳизбҳо ва ҳаракатҳои зиёди сиёсӣ дар ҷомеа пайдо гардиданд.

Дар ҳақиқат, фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон дар давраи аввал аз бисёр ҷиҳат хусусиятҳои мусбӣ дошт. Аз ҷумла, таъсири онҳо дар инкишофи равандҳои ошкорбаёнӣ, демократикунонии ҳаёти иҷтимоӣ, плюрализми сиёсӣ, баланд гаштани маданияти сиёсии омма, сатҳи худшиносии миллӣ ва ғ. баръало ҳис карда мешуд. Аммо кисме аз онҳо бо гузашти муддате гӯё, ки максадҳои барномавии худро фаромӯш карда бошанд, рӯ ба фаъолияти иртиҷоӣ оварданд.

Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди ҷомеа акидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд ки онҳороба гурӯххои ифротгароӣ шомил мегардонад ва акидахои носолими динии худро мехоҳанд ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоҳанд ки ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар дар гузашта дузду ҷинояткор будаанд е нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд ба монанди собиқ роҳбари ҲНИ ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурияи Араб ироқ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд ҳалок шудаанд. Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти бо суръати он тарафи вусъат ефтани низохои байнимазҳабӣ ва арзӣ ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд. Аз ин ҷост ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бидонад ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995 миллати тоҷик дар марзҳои Афғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бебодигариҳои диниро ба дӯши худ гирифта ба ивазикурбониҳои ҷонӣ ва ҳисороти бузурги иқтисодию молиявӣ нагузошт ки дар Тоҷикистон нерӯҳои ифротгароии динӣ ва дигар давлатҳои осиегии аъзои ИДМ мавқеи роҳбарии худро дошта бошанд.аз ин ҷост ки Ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои камшуморест, ки муқобили ин кабил озмоишҳои рақобатпазирӣ истодагарӣ ва пирӯз шуданро мақоми худ кардааст фаъолиятҳои зиёдаравии динӣ ғарбарошуда корвони худро аз мамлакатҳои Шарқ ба ҷойҳои наздиктари мамлакатҳои Ғарб интиқол додаанд ки холо бо номи созмони ифротгароию террористии ДИИШ дар либоси сиёҳи дӯстдорони дини ислом корҳои душманони онро бароварда хайр карда истодааст. Вале ин падидаи бад на танҳо пайванди худро ба манзилҳои харобкардаи худ канданӣ нест балки монанди тори тортанак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст. Яке аз ин гуна озмоишхои онхо мохи сентябри соли 2015 дар Точикистон буд, ки онро ба хадафи нопоки худ кашиданӣ буданд.

 Ҳамин тариқ, имрўз ки аз зуҳури мушкилоти рақами яки ҷаҳон – терроризму экстремизми байналхалқӣ тамоми сайёра дар ташвиш аст, ҷомеаи моро зарур меояд, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи он дастаҷамъона фаъолият барем ва барои ҳифз кардани амнияти миллӣ саъю талош намоем.

 Ҷавонон, бояд дар такя бо сиёсати созандаву маорифпарваронаи ҳукумати кишвар, ки ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму экстремизм мавқеи оштинопазир доранд, амал карда, ваҳдату ягонагии сартосариро муҳофизат кунанд. Мардуми тоҷик, аз ҷумла ҷавонони созанда ҷиҳати нигоҳдошти сулҳу субот нақши бориз дошта метавонанд. Бунёд ва ҳифзи оилаи солим, таълиму тарбияти дурусти кўдакон, масъулиятнокӣ дар ҳифзи муқаддасоти Ватан – марзу бум, амният, зиракии сиёсӣ ва монанди ин ҷиҳати мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *