ИЗҲОРОТИ факултети муҳосиботи бухгалтерӣ ва аудит дар ҳошияи фаъолияти ТТЭ ҲНИ

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи зиёда аз бисту ҳашт соли соҳибистиқлолии хеш, воқеаҳо ва ҳодисоти зиёдеро аз сар гузаронда, ба сулҳу ваҳдату созандагию бунёдкориҳо расид. Айни замон орзую омоли деринаи фарзандони ҳисси ифтихори миллии баланддошта ва ватандӯсти тоҷик ҷомаи амал пӯшида истодааст ва Ватани азизамон Тоҷикистон ба сафи мамлакатҳои пешрафта даромада, шаҳрвандонаш орому осуда ва сарбаландона зиндагӣ доранд.

Ҳоло дар ҷаҳон муборизаҳои сиёсиву иҷтимоии байни давлатҳо, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои гуногун дар авҷ аст. Дар ин раванд мубориза барои ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистон барои ҳар як шахси бедордилу равшанфикр ва масъулиятшинос бояд дар мадди аввал истад. Мутаассифона, дар замони ҷаҳонишавӣ, чанд омили хатарноки бегонагон ва бегонапарастон зуҳур намуда, кулли шаҳрвандони мамлакати моро ҳам ба изтиробу нигарониҳо овардааст. Барои амали шудани орзуҳои худ, марому мақсадҳои аҷнабиён гурӯҳе аз шаҳрвандони мамлакат фирефта шуда, ба гирдоби фалокат фурӯ рафтанашон аксариятро ба андеша ва тадбирҷӯиҳо водор намудааст.

Яке аз «наҷотдиҳандагон»-и миллат Ҳизби наҳзати ислом мебошад, ки мехоҳад бо дасисаву иғво тарафдорони худро зиёд сохта, ҷомеаро ба сӯи гумроҳӣ барад. Вале ин амали онҳо пойанла нест. Зеро халқ худ бадиро аз некӣ ҷудо карда метавонад. Ба ин сияҳдилон гуфтанием, ки биёед ба рушди кишвар бо ҷашми ҳакбин нигарем. Ба пешрафту хизматҳои шоистаи он арҷ гузорем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *