ИЗҲОРОТИ кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ оид ба иғвои навбатии  Ш. Гадоев

Мо омузгорони кафедра нисбати иғвогарии яке аз пайравони ТТЭ ҲНИ  Шарофиддин Гадоев  андешаҳои хешро иброз дошта онро шадидан маҳкум менамоем. Вобаста ба баромади навбатиаш, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намудааст, сараввал онро маҳкум менамоем. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки Ш.Гадоев зимни баромадаш  оид ба ҳаводиси байни Руссияву Украина аз мавқеи номуайян ва ба таври номуайян, ноаниқ ва носолим андешаронӣ менамояд. Хотиррасон бояд кард, ки воқеан ин қазия сиёсати дохилӣ ва берунаи кишварҳои болозикр аст. Ба андешаи мо нисбати амалиёти махсуси низомии Россия ва мавқеи имрӯзаи Ҷумҳурии Украина сухан кардан нашояд, барои ин на танҳо сиёсатшиноси асилу варзида будан лозим аст, балки ба моҳият, феномени ба вуҷудомада, ва таърихи ин рақобат баҳои ҳаққонӣ додан мебояд, ки ҳоҷат ба баёни он инҷо нораво мебошад. Умуман, дар баромадҳои қаблию навбатии Шарофиддин  тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ танҳо суханони беасос, бедалел, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту халос. Бояд қайд кард, ки дар сиёсат ва таҷрибаи дилхоҳ давлати демократӣ вақте мухолифин сиёсати Ҳукумати амалкунандаро зери интиқод медиҳанд, бояд тибқи талаботи қонунгузорӣ мухолифати худро бо далелҳои қонунӣ асоснок намояд.

Таъкидан ва бо такрор изҳор менамоем, ки бадхоҳони миллат ақидаи сиёсӣ, миллӣ ва солими мардуми сарбаланди  Тоҷикистонро дигар карда наметавонанд! Зеро таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерӯи солиму тавоно буда, қодир аст садди роҳи ҳама гуна моҷаро дар қаламраваш гардад.

Ба раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ, гурӯҳҳои ифротӣ ва умуман, бадҳоҳони  миллат,  иброз медорем, ки воқеан номи нек ҳама вақт вирди забон буда, аммо мисли Шарофиддин Гадоев ноҷавонмардон дар зеҳни мардум ва хотираи ватан ҳамчун хоину душман ва лагандбардори хоҷагони хориҷӣ нақш баста, нафрати мардум ва оҳи мазлумон доимо болои сари онҳост.

Мо омӯзгорони кафедра дар интиҳои изҳороти хеш баён медорем, ки  мардуми сарбалани кишвар кайҳост, ки  найрангҳои ҳаммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ-ро дарк карда, зиракии сиёсиро аз даст надода, барои сулҳу субот ва якдилии Ватан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Танҳо дар сурати ҳамдигарфаҳмӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафт ва тараққиёт рӯ меоварад. Он дарахте, ки сулҳу ваҳдат меномем, меваҳои ширин ба самар оварда истодааст. Мо тоҷикон бояд онро ҳифз намоем. Ҳақиқатан сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу дӯстӣ ҳукмфармост он давлат ояндаи нек меофарад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *