Имрӯз зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, ин терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои боэътимоди байналмилалӣ айни ҳол дар ҷаҳон тақрибан 500 ташкилоти террористӣ фаъолият доранд.Таҳлилҳо собит менамоянд, ки нисбатан ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ дар Сурияву Ироқ ташкилотҳои террористи фаъолиташонро дар қаламрави Афғонистон мондаанд. Мувофиқи маълумотҳои расмӣ имрӯз дар Афғонистон бист гурӯҳҳои террористӣ фаъолият доранд. Масалан гурӯҳҳои террористии ба ном ДИИШ, “Ал-Қоида” мебошанд, ки барои анҷомдиҳии ғаразҳои сиёсӣ ва ақидаҳои ифротии худро дар Афғонистон ба роҳ мондаанд. ДИИШ яке аз рақиби асосии ҳаракати “Толибон” дар Афғонистон табдил ёфтааст. Ҳаракати «Толибон» як солу шаш моҳ мешавад, ки ҳокимияти худро дастгирифта, айни замон ба ваъдаҳои аввалаи худ истодагарӣ надоранд. Аз ҳама бештар ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар ин кишвар поймол гардида истодааст.
Таҳлилҳо собит менамояд, ки истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо бояд қайд кард, ки воқеан аз сиёсати духӯра, дурӯяи баъзе аз кишварҳо қавму миллатҳои Шимоли Афғонистон дар парокандагӣ қарор дорад. Дар ин кишвар ҷанги қавмӣ шиддад мегирад. Воқеан, парокандагии қавму миллатҳоро на танҳо ҳаракати «Толибон», инчунин абарқудратҳое мехоҳанд, ки андешаи айни сиёсатро миёни мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ гардад.Таърих гувоҳ аст, ки одатан ҳарифон ҳамеша ҷои заъифи тарафи муқобилро меҷӯянд. Пӯшида нест, ки аз ифротгароӣ сар карда то ҷомеаи норизо миёни сокинони Осиёи Марказӣ кам нестанд. Онҳо замина барои толибонанд. Вале барои бархе нерӯҳои абарқудрат ин баҳонаро барояшон муҳайё месозанд. Имрӯза вазъи Афғонистон каждумҳои зери бурёро аз нав ба ҳаракат меорад. Чунончӣ раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи 24 тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолиятро ба роҳ монда,мунтазам бо набат бар барномаҳои ифротиашон баромад менамоянд, гумон доранд, ки ин талқини тасаввуроти нодуруст ақидаи сокинони кишварро дигар кунанд. Аммо ҳама талоши раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ барои мо афсонаи гӯшхарошест, ки дигар шуниданаш маъние надорад. Чунки ҳақиқатро бо сафсата, дурӯғ ва фиребу найранг пинҳон кардан мумкин нест. Хулоса, мо ҳама вақт баромадҳои аъзоёну думравони ТТЭ ҲНИ-ро назарсанҷӣ карда, онро якдилона маҳкум менамоем.
Дар интиҳои андешаи хеш қайд менамоем, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд. Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.
Р. АНВАРӢ ,
асистенти кафедраи молия ва қарз