Изҳороти кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ нисбат ба дасисаю иғвогарии хоинони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо устодони кафедраи ҷомеашиносӣ зимни изҳороти хеш мехоҳем диққати мардуми кишвар, бахусус ҷавононро ба муҳимтарин масъалае, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст ҷалб намоем. Имрӯз, мутаассифона, қиёс ва натиҷагирӣ аз ҳолати ҷомеаи имрӯза хело нигаронкунанда аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳои ифротӣ иттилооти мухталиф паҳн мешавад. Даҳҳо ҳазор интернет – сайт ва вебпорталҳои амалкунанда шаклу номи худро тағйир дода, аз озодии сухан суйистифода бурда, онро васеъ ба кор мебаранд.Чунончӣ хоинони миллат – собиқ Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ), алҳол “Паймони миллӣ”(ТТЭ ҲНИ-ПМ) номгузорӣ шудааст ва гурӯҳи дигаре бо номи ҳаракати сиёсӣ –Гуруҳи24 сӯиистифода аз дини мубини Ислом бо ғаразҳои сиёсии гурӯҳиву шахсӣ, бахусус тариқи барномаҳои ифротӣ бо номи “Паймони миллӣ”, “Пайванд”, “Хақ ва ботил”, “Минбари муҳоҷир” ва “Садои мардум” баромад намуда истодаанд. Гузашти марҳилаҳо ва ба вуҷуд омадани воқеаву рӯйдоди нав дар кишвар ва хориҷи дуру наздик нишон медиҳад, ки ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи -24 таври комил дастпарвари бегонагон буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барҳам задани истиқлолияти сиёсӣ ва ба таври комил гирифтори афкори мазҳабию ғайримиллӣ намудани мардуми фарҳангсолору шарафманди халқи тоҷик мебошад. Боздошти шахсиятҳо ва собиқадорони аршади ин ҳизбу гуруҳи миллаткуш ин калому даъвии моро собит месозад, ки ин афрод дар макотиби мазҳабии хориҷӣ тамриноти динию низомӣ ва диверсионӣ гирифта, усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гӯлзании мардум, тирпарронию куштор, тарконидану сӯзонидан ва дар умум тамоми аносири террору қатл ва дигар нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор амалӣ намудаанд ва боз кӯшиш доранд. Аз ин рӯ, мо дар изҳоротҳои ҳамешагиамон даъъват ба амал оварда будему боз меорем, ки ба ҳарфҳои пучу бемағзи хоинони бурунмарзӣ, ки худро мутеъ ва лаганбардори мисли худашон беимонон кардаанд, бовар накунед. Зеро ҳамин хоинони дохиливу берунӣ аз комёбиҳои соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистонон дар ҳарос буданд ва намехостанд, ки ваҳдату якдилӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо бошад. Бо ин мақсад онҳо бо ҳар гуна туҳмату дасисаҳо ҷанги бародаркушро, ки онро ҷанги шаҳрвандӣ меноманд дар фазои Тоҷикистон бархезонанд. Онҳо аз ин фурсат истифода бурда, бародарро бо бародар ҷанг андохтанд. Солҳои мудҳиш бо ҳамаи кулфату азобу бадбахтиҳояш аз хотираи таърих ва ёдҳои мардуми тоҷик фаромӯш нашудааст. Имрӯз низ ин азоёни наҳзатиҳо, бахусус Кабирии лаин ва ҳаммаслакаш Муҳаммадиқболи Садриддину Ашӯров Ҳусейн ва яке аз пайравонаш Беҳруз Тағойзода ва чандин дигарон боз ҳам кӯшиши дубора тафриқаандозӣ мекунанд. Имрӯз халқи шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд. Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки хиёнаткори давлату миллат, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дасисаю иғвогарӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *