ҲАДАФҲОИ МУҒРИЗОНАИ ТТЭ ҲНИ

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки инсоният баробари доштани дастовардҳои хубу муваффақиятҳо ҳамзамон бо ҳаргуна падидаву ҳодисаҳо ва зуҳуроти номатлуб, ки барои пешрафти ҷомеа монеа эҷод карданашон мумкин аст, дар зиддият қарор дорад. Дар робита ба ин мо як масъала оид ба ифротгароии динӣ андешаи хешро иброз медорем. Воқеан ифротгароии динӣ яке аз маъмултарин шаклҳои ифротгароӣ буда, маъмулан, аз таълимоти асилу муътадили динӣ дур рафта, динро рӯякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, тибқи чунин фаҳмиш амал карда, аз дигарон низ чунин амалро тақозо менамояд. То чӣ андоза паёмадҳои даҳшатбору сангин доштани ифротгароиро мо имрӯз дар мисоли вазъи муташанниҷи кишварҳои Шарқи Миёна, қатлу кушторҳои ваҳшиёнаи мардуми Сурия ва Ироқ, анҷоми амалҳои террористӣ дар Афғонистон ва кишварҳои дигари мусулмоннишини Осиё ва Африқо ба таври равшан дида истодаем.Баробари ин ТТЭ ҲНИ-ро мисол меорем, ки аз солҳои 90-уми асри гузашта ва имрӯз низ яке аз чунин созмонҳои ифротгароӣ ба ҳисоб рафта, бо мақсади ба миён овардани нооромиву ҷангу ҷидол байни халқи кишвавр аз тарафи хоҷаҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Роҳбарият ва пайравони ТТЭ ҲНИ мавқеъҳои интиқодӣ нисбат ба ҳукумату давлат ва сокинони Тоҷикистон доранд. Мавқеъгирӣ ва ҳадафҳои муғризонаи раёсати фирории ТТЭ ҲНИ, ки имрӯз бо номи “Паймони милли” намоён шуда, мухолиф ба арзишҳои миллии давлату миллати тоҷик мебошад.Оё ин гуна рафтори бадхоҳонаи онҳоро нисбат ба Ватану ҳамватанон метавон мувофиқ ва мутобиқ ба ахлоқи исломӣ донист? Албатта не! Ҳақиқати ин масъала ошкор аст. Ҳадафаш аён аст, ки раҳбарияти кунунӣ Муҳиддин Кабирӣ ва умуман ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ бо тарҳрезии ҳодисаҳои ғайричашмдошт вазъияти кишварро бад карда, мардумро мехоҳад гумроҳ намояд. Акнун бо вазъияти душвор ва печидаи ҷаҳони муосир, аз љумла, авзои имрӯзаи Афѓонистонро истифода бурда, нақшаи разилонаи навбатиашро амалӣ созад. Кабирию думравонаш зимни баромадҳошон дар шабакаҳои иљтимоӣ оид ба масъалаи нерӯҳои ҳаракати “Толибон» ба таври худ ғайривоқеӣ маънидод карда, мехоҳанд, дар ҷомеаи имрӯза таҳлука барангезад. Бояд хотиррасон кард, ки Сарвари кишварамон дар ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ яке аз аввалинҳо шуда оид ба эътидол овардани авзои Афѓонистон тасмими шоистаро роҳандозӣ намуданд. Роҳбари давлатамон ба таври возеҳ иброз доштанд, ки дар Афғонистон бояд Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ташкил карда шавад, ки дар он намояндагони ҳамаи қавму гурӯҳҳои этникӣ, аз ҷумла тоҷикон ширкат дошта бошанд. Ҳамин нукта дар суханронии роҳбарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаљамъӣ нуктаи калидӣ буд, ки ишора ба дурустии мавқеи Тоҷикистон дар роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон аст. Хулоса дар фарљоми андешаи хеш бояд қайд кард, ки далелу тасдиқ ва рақамҳои оморӣ, умуман раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем.

F.ЮСУПОВ, ассистенти
кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *