НИСБАТИ ҚАЗИЯҲОИ АФҒОНИСТОН БЕФАРҚ НЕСТЕМ!

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ва мардуми таҳҷоии Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро  решаҳои сершумори фарҳангиву забонӣ ва ҳоказо мепайвандад, аз ин лиҳоз тақдири онон тоҷиконро бефарқ гузошта наметавонад. Сари қудрати давлатдорӣ омадани аъзои ҳаракати ифротихондашудаи “Толибон ” ва воқеаҳои давраҳои охир бо сабаби пайванди таърихӣ ва ҳам марзи тӯлонии байнидавлатӣ водор менамояд, ки нисбати қазияҳои дохилии Афғонистон бефарқ набошем. Адолати таърихӣ он аст, ки дар давлатдорӣ ҳатман ҳамаи қавму миллатҳои дар мамлакат сукунатдошта дар симои намояндагони арзанда ширкат варзанд. Ҳама талошҳои ҷомеаи демократии дунявихоҳ барои таъсиси ҳукумати фарогири тоифаҳои мухталифи сиёсӣ мебошад, ки “Толибон” ин адолатро сарфи назар кардаанд.

         Тамошои наворҳо аз дабистонҳои фаъолиятдоштаи Афғонистони имрӯза шаҳодат медиҳанд, ки бо пардае ҷудо кардани писарону духтарони як синф меъёри башарӣ набуда нишонаи ҷаҳолат мебошаду бас. Дур сохтани занону духтарон аз мақомҳои давлатӣ ва дигар амалҳои зиддитамаддунии толибонтабор маҳз аз ифротгароӣ далолат медиҳаду ба “шариати исломӣ” алоқамандӣ надорад. Илова бар ин қайд кардан зарур аст,ки  ҳаракати “Толибон” то ҳол он ваъдаҳоеро, ки баъди ба қудрат расидан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дода буданд, иҷро накардаанд.  Дар иртибот ба ин, қайд кардан зарур аст, ки сиёсатмадори таҷрибадори сатҳи ҷаҳонӣ – Президентми Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  суханрониашон дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ,  ҳам дар Паёмҳои хеш барои ба низом даровардани вазъи кишвари ҳамсоя пешниҳодҳои саривақтӣ намудаанд. Мо тасмимгириҳои  сулҳхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба манфиати тоҷикони бурунмарзӣ ва барқарор гаштани сулҳу субот, барои ҳаммиллатонамон мебошад, ҷонибдорӣ намуда, ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алаҳи мардуми Афғонстонро қатъин маҳкум менамоем. Мо хоҳони онем, ки ҳарчӣ зудтар дар ҳамсоякишвар Афғонистон сулҳу субот пойдор гардида, мардуми он дар фазои оромӣ истиқомат намоянд!           Бо назардошти масъалаи матраҳгардида, хулосабарорӣ намуда,қайд менамоем,ки дар ин ҳол аз мо тақозо мешавад, ки ба қадри бузургтарин неъмат – озодиву осудагӣ бирасем ва маънию маҳаки аслии ин падидаҳои муқаддасро аз тифлӣ ба ҷону дил, ба ақлу ҳуш ва ба мағзи фарзандонамон ҷо кунем.

                                           Ҷ. ҶАЛОЛОВ ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *