Изҳороти кафедраи ҷомеъашиноси ДИС ДДТТ оид ба ТТЭ ҲНИ ва амалҳои пасипардагии он

 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар баромадҳои хеш ва инчунин дар ироаи Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  борҳо  таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Аз ин лиҳоз, бобати баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ зарур аст. Дар иртибот ба ин, қайд кардан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон  доир ба масоили матраҳшуда  кайҳо хулосаи зарурӣ бароварда имрӯз ба ТЭТ ҲНИ эътимод надоранд, зеро чанги шахрванди дар кишвар, ки боиси марги даххо хазор ва машаққати ҳазорон нафар сокинон гардида,  мучиби харбии иктисодии чумхури шуд, махз бо сабаби тундравихои хизби мазкур  ба амал омада буд. Аз ин ру, мардум хузури сиёсии ҲНИ-ро дар арсаи давлатдори хамчун омили нооромии кишвар тасаввур мекунанд. Воқеан мардуми шарифи Тоҷикистон; кормандони муассисаҳои таълимӣ   ба номуси ин мулки аз ниёгон мерос монда; ҳушёр ҳастанд дар ҳар куҷо, ки набошанд дар фикри ободи ва оромии Ватан ҳастанд. Миллати тоҷҷик ҳамдигарфаҳм ва муттаҳид аст.  Истиклолияти давлатии Точикистон мухимтарин дастоварди миллати мо дар тулли хазор соли охир аст, ки хифзу гиромидшти он карзи шахрвандии мост. Аз ин ру, вазъи мураккаби сиёсии чахони муосир аз мо беш аз харвакта хушёрии сиёсиро тақозо менамояд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *