Тоҷикистон чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд имрўзҳо дар арсаи байналмиллалӣ мақом ва манзалати хоса дорад. Баҳри таҳкимёбии ҳокимияти конститутсионӣ амалӣ намудани ғояҳои демократӣ чун меҳвари асосӣ ҳисобида мешавад. Дар Тоҷикистон ба озодии виҷдон,озодии шаффофияти он пурра дар зери назорати давлат қарор дорад. Айни замон шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Яке чунин ҳизбҳо, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд. Агар саҳифаҳои таърихи пайдоиши ин гуруҳҳоро варақ занем, маълум мегардад, ки онҳо дар зулму истибдод, тахрибкорӣ ва тафриқаандозии байни мусулмонон аз якдигар ҳеҷ фарқе надоранд.
Инчунин Ҳизби наҳзати ислом ягона ташкилот дар ҷаҳон мебошад, ки ба муқобили халқу миллат ва давлати худ силоҳ кашидааст. Дар баробари куштани ҳазорон пиру ҷавони миллат ҳизби наҳзати исломӣ шахсиятҳои шинохта ва олимону сиёстмадоронро ба қатл расонидааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷанги шаҳрвандиро хуб дар ёд дорад. Ҷанги дохилӣ аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади басари мардуми мо таҳлил кардани маҳзабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва ҳисороти озими иқтисодӣ гардид. Имрӯз ҳангоме, ки мардум дар фазои мусби тағир ёфту сулҳу субот ва оромию тамини амнияти мардум ҳаёт бар сар мебаранд, мебояд, ки ҳамагон қонунҳои давлатиро қатиян риоя намоянд. Меҳнати хирсонаи наҳзатиён буд, ки баҳри амалӣ намудани ниятҳои ғаразноки хоҷагони худ мамлакати моро бенизову зиддият кашиданд. Барои онҳо манфиатҳои милливу давлатӣ вуҷуд надорад. Онхо зери ҳар гуна ниқоб баромад карда, дар байни мардум тухми кинаву адоватро кишт мекунад. Яке аз масъалаи хассосу даҳшатангезе, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷахонӣ гардидааст, ин паҳншавӣ бо сурати террроризиму экстремизм аст. Мутаассифона аз хуруҷи чунин равандҳои мудҳишу номатлуб шаҳрвандони мамлакати мо низ баркарор нестанд. Аз ин лиҳоз ҳамаи мо вазифадор ҳастем, ки баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷидду ҷаҳд намоем .Симои аслии ифротгариро нишон диҳем. Арзишҳои милливу давлатӣ ва дониши худро ҳифз намуда, онро дар байни ҷавонону наврасон густариш диҳем. Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ба созандагиву бунёдкорӣ машғул шуда, фарзандони худро дар равияи худшиносиву ватаншиносӣ тарбия намоем. Фаромӯш набояд кард, ки мо тоҷикон чӣ душвориҳои мушкилро аз cap гузаронидем. Ба қадри заҳматҳои кашидаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан, сиёсати сулҳофаринии он ҷанобро дастгирӣ кардан, дар назди Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд аст. Воқеъан ҳам бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки душмани шахсиятро бахшидан мумкин аст, аммо душмани ватану миллат ва динро бахшидан мумкин нест!
Ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ
Иномҷонова М.Н.