ИЗҲОРОТИ кафедраи омӯзгорони забонҳои тоҷикӣ ва русӣ оид ба номае, ки аз деҳаи Хоҷаи аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ба «Ислоҳ.нет» ирсол шудааст.

Мо омӯзгорои кафедра тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳӣ пайдо намудаем, ки аз деҳаи Хоҷаи аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфара номае ба сомонаи ифротӣ «Ислоҳ.нет» ирсол шудааст. Зарур донистем дар иртибот ба номаи мазкур чанд нуктаи аз назари мо зарурро қайд намоем.
Воқеан ҳаёт бе мушкили нест ва касе онро инкор карда наметавонад. Вале набояд миллату Ватанро ба он гунаҳкор кард. Баъзе мушкилиҳо дар ҷамоати деҳоти мазкур шояд мавҷуд бошанд. Масалан оид ба муноқишаҳои марзӣ марзӣ ва нисбат ба рафтору гуфтори кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра. Ба андешаи мо пеш аз он, ки ба сомонаҳои ифротӣ аз қабили «Ислоҳ.нет» ва мухолифони давлату хукумат муроҷиат кардан, бояд пеш аз ҳама ба сохторҳои ҳокимияти маҳаллии давлатӣ муроҷиат кардан ба манфиати кор аст! Ҳаллу фасли дар нома зикршуда танҳо масоили дохилии шаҳр ва ё вилоят аст! Чунки сохторҳо муваззафанд, ки ба ҳалли масъалаҳои мазкур мусоидат намоянд. Шаҳрвандон вобаста ба мушкилоти мавҷуда метавонанд ба телефонҳои боварии шаҳрдорӣ, рӯзи қабули шаҳрвандони МИҲД-и шаҳру вилоят, нашрияҳои даврӣ ва умуман мақомоти дахлдор расман муроҷиат намоянд. Мо боварӣ дорем, ки сохторҳои марбута барои ҳалли мушкилоти мардум чораҳои таъхирнопазир меандешанд. Вале дар ин номаи беимзо, шахсияташ номаълум дар бораи мушкилоти ҷамоати деҳоти Чоркуҳ ҳарф мезанад, далелҳои носанҷида мардумро ба гумроҳӣ мебарад. Бинобар ин пеш аз гуфтор, бояд андеша кард! Аз ин рафтору гуфтор халқу миллат, умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ мегӯяд?! Миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунад!? Ин гуна ҳолат, аз ҷониби дигар миллату халқ имрӯз ба мушоҳида намерасад Ин омил ба вуҷуд оварандаи нооромӣ ва бесуботии ҷомеа хоҳад шуд. Зеро баҳсҳо ва муборизаҳои идеологӣ ва ғоявӣ дар майдони шабакаҳои иттилоотӣ бо тамоми шиддат ҷараён доранд. Дар натиҷа баҳсҳои иттилоотӣ ба миён меояд, ки метавонанд дар ҳама ҳолат таъсири худро ба ҷомеа расонанд. Фаромӯш набояд сохт, ки дар паси шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернетӣ киҳо нишастанд ва ҳамсӯҳбати мо чӣ мақсаду ҳадаф дорад? Масалан яке аз ин шабакаҳои иҷтимоӣ қаблан сомонаи “Akhbor.com” буд ва имруз бо номи “Ислоҳ.нет” аст, ки бештар аз зери нохун чиро мекофту мардумро хира мекард ва ба роҳи гумроҳи тела медод. Бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофанд. Бо ин роҳ мехоҳанд, халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳаллҳо ҷудо кунанд ва Тоҷикистони воҳидро дубора пора-пора созанд. Онҳо имрӯз на танҳо аз ҷавҳари ҷавонмардиву оини мусалмонӣ дуранд, балки шарти инсонӣ ҳам, ки диду амали нек аст, бегонаи онҳост. Дар ин ҳолат танҳо истифодаи моҳиронаи маърифати баланди сиёсӣ, ҳуқуқиву динӣ моро аз зуҳуроти номатлуб дур месозанд. Мардуми кишвар имрӯз то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк карданд, муйро аз хамир ва бадию хубиро ба зудӣ аз ҳам ҷудо карда метавонанд. Мебинем, ки чӣ гуна дар кишварҳое, ки мардумонаш иттифоқу осуда барои зиндагии шоистаи хеш талош мекунанд, вазъ орому шароит муътадил аст. Дар он кишварҳое, ки қисмате аз аҳолиаш ба таблиғоти хориҷиён мубтало шуда, ҳисси милливу мардумиашонро гум кардаанд, бесарусомонӣ идома меёбад. Аз ҷумлаи кишварҳои ноосуда ҳамсоякишвари Афғонистон аст, ки анқариб ҳар рӯз ё инфиҷоре рух медиҳад, ё гурӯҳе бо гурӯҳи дигар дар набард мешаванд. Дар ин давраи ҳассосӣ ҳаёти ҷамъиятӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд. Сад шукр, ки мо ҳаёти осоишта дорем. Бо ҷонбозиҳои шабонарӯзӣ ва амалҳои хирадмандонаи Сарвари давлатамон Тоҷикистон ба як мулки обод, тинҷу ором, иқтисодиёташ пешрафта мубаддал гаштааст. Мову шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем. Ваҳдати миллӣ поянда бод,Тоҷикистон азиз!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *