БУЗИ “БУЗҲО”

Дар сомонаи «Ислоҳ.нет» ду мақолаи бе ному насаб ва имзо аз номи сокинони деҳаи Хоҷаи аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфара дарҷ гаштааст. Дар иртибот ба ин андешаи хешро иброз медорем. Дар номаи мазкур, мақолаҳо оид ба масъалаи мухталиф маълумот ҷамъ оварда шудааст. Аз љумла, дар бораи ҳар як фаъолону мансабдорони деҳа, дар бораи ташкили мактаббачагони “Авангард”, хариду фурӯши ғайриқонунии замин, бероҳа кардани занони бешавҳар, маводи мухаддиру қочоқи мол, муносибати молумулкии онҳо бо ҳамсояқирғизҳо ва ғайра. Баробари ин мақолаҳо бо як нигоҳи ғаразона нисбат ба ҳукумати кишвар ва ноҳия навишта шудааст, ки қисми зиёди ин “далелҳо” фантазияи нависанда аст. Гӯё яку ним ҳазор мактаббача ба фикри ӯ авангард ё ин ки буз мешудааст. Ба ақидаи нависанда ҳар як амалдор гӯё буз яъне хабаркаш бошад. Он гоҳ худи ӯ бузи “бузҳо” мебошад. Ақидае ҷолиби диққат аст, ки худи ӯ барои рафтору гуфтораш чӣ гуфта метавонад ?! Инчунин дар бораи бадном кардани имоми деҳа, суханҳои нољоя нисбат ба аҳли оилааш ва вобаста ба масъалаи амри маъруф фаҳмонидани вазъияти имрӯза ва даъват кардан ба дастгирии сиёсати давлат ва ҳоказо сухан меравад. Пас суол ба миён меояд, ки ин гапҳоро ба мардум имом нагӯяд, кӣ гуфтанаш лозим аст? Нисбат ба фаъолияту шахсияти имомхатиб вобаста ба саводнокиаш ба сомонаи ифротӣ маълумот ирсол накарда, ба уламои дини вилоят мурољиат мешуд, хубтар мешуд.
Бояд ёдовар шуд, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар натиҷаи гумроҳии мардум ва кӯр-кӯрона бовар кардан аз љониби роҳбарону аъзоёни ҲНИ чӣ қадар бетартибӣ шуд. Доир ба фаъолияти қаблӣ ва имрӯзаи собиқ ҲНИ, ки алҳол дар кишварҳои Аврупо бо номи Паймони миллӣ фаъолият дорад, мо зимни изҳорот борҳо андешаҳои хешро иброз дошта будем ва бинобар ин ҳољат ба баён нест. Зеро сокинон ноҳияи Исфара, аз љумла мардуми љамоати деҳоти Чорқух, умуман мардуми кишвар имрӯз мақсади ғаразноки бадхоҳони миллат ва то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк кардаанд. Мо медонем, ки мардуми пуршарафи ноҳияи Исфара дар омӯзиши илму ҳунар пешқадами кишвар мебошанд. Воқеан Исфара таърихи бою рангин дошта, яке аз шаҳрҳои ободу зебоӣ, марказҳои кишоварзӣ, боғдорӣ ва саноатии мамлакат аст. Осоишгоҳи «Зумрад» бошад, яке аз беҳтарин ва калонтарин осоишгоҳи ҷумхурӣ ва Осиёи Марказӣ мебошад, ки ифтихори мост. Баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки имрӯзҳо дар кишваре, ки мардумонаш иттифоқу осуда барои зиндагии шоистаи хеш талош мекунанд, вазъ орому шароит муътадил аст. Аммо дар он кишварҳое, ки қисмате аз аҳолиаш ба таблиғоти хориҷиён мубтало шуда, ҳисси милливу мардумиашонро гум кардаанд, бесарусомонӣ идома меёбад.Чунончӣ имрӯз яке аз кишварҳои ноосуда Афғонистон аст, ки анқариб ҳар рӯз ё инфиҷоре рух медиҳад, ё гурӯҳе бо гурӯҳи дигар дар набард мешаванд.Вазъи кунунии кишвари ҳамсоя ва ё ақаллан ҳодисаҳои мудҳиши дар солҳои 90-ум,ҷанги бародаркуш барои муаллифи номаи мазкур, умуман барои мардуми гумроҳ бояд дарси ибрат шавад. Аз ин сабаб дар бораи сиёсати давлат ба мардум фаҳмонидан ин вазифаи ҳамаи мост, аз љумла имом аст ва ӯ имрӯз софдилона вазифаашро иҷро менамояд. Ба ин самти кор ғаразона нигаристан ин аҳмақии маҳз аст. Мо медонем, ки хориҷиён аз кишварҳои абарқудрат барои ноором кардани вазъи кишварҳои Осиёи Миёна аз ягон роҳу усул то ҳол даст накашидаанд. Масалан ҳодисаҳои шаҳри Алма-Ато, интихобот дар Қирғизистон, ҳодисаҳои дар Белорусия, Украина ба амал омада нишон дод, ки кишварҳои абарқудрат мехоҳанд бо ҳар роҳу воситаҳои қонунию ғайриқонунӣ ба сари кишвар одамони худашонро оварда монанд. Ҷанҷоли мову қирғизҳо низ кори онҳо мебошад. Ногуфта намонад, ки мо ба халқи қирғиз ягон бадӣ намехоҳем ва онҳо низ дар ин фикранд. Лекин нафарони хоинони ватанфурӯш мавҷуданд, ки барои соҳиб шудан ба пули ҳароми хоҷаҳои хориҷӣ омодаанд, ки ба иҷрои ҳама гуна кирдорҳои пасту номатлубро раво мебенанд. Маҳз ҳамин гуна разилон дар сарҳади байни Тољикистону Қирғизистон мунтазам бо ибораи калимаи маъмул провокатсия ва ё иғвогарӣ ташкил мекунанд. Кирдорҳои разилонаи худро ба сари сокинони кишвари мо бор мекунанд. Бинобар ин, мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем. Ба ҳар суханҳои беасос бовар накунем. Аз ин сабаб яке аз мақсади бадном кардани амалдорон ба муаллифи ин мақолаҳо “заказ”-и махсус ва ё бо ибораи дигар супориши хољагон аст. Хулоса, ин қабил афрод сарпараст-пушту паноҳи худро дорад ва ҳољат ба баён нест.

И. ИБРОГИМОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *