Изҳороти кафедраи муносибатҳои байналмилалии ДИС ДДТТ оид ба фаъолияти хиёнаткоронаи ТЭТ ҲНИ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро

Мо, яъне тамоми инсонияти рӯи замин дар он давру замоне зиндагӣ дорем, ки ягон кору ҳодисот ва воқеотҳои сиёсии рӯй дода истодаи ҷамъияти муосир дар гӯшаи хаёламон набуд. Танҳо фикр мекардем, ки оянда бе шикасту рехти зиндагӣ умр ба сар хоҳем бурд. Вале афсӯс дар ҷамъият ашхосоне ба миён омадаанд, ки ба решаи ҷамъияти муосир теша мезананд, зада истодаанд ва заданианд.

Он аъзоёни гумроҳгардида аз мафҳуми нақшаву мароми худ бехабаранд, роҳгумзадагон ва сарсонгардидагон мебошанд, ки гуфтаву бофтаҳои душманони ҷамъияти муосирро ба гӯшашон чун гӯшвори зумурадчашмдор овехтаанд. Ташкилкунандагони ин ҷамъиятҳо бо фитнаву бӯҳтон ва фиребҳои гӯшношунид халқи гумроҳзадаро ба худ ҷалб менамоянд.

Ҳоло ҷамъияти кунунии тоҷикон зиндагии осоишта дошта, ба роҳи интихоб намудаи гумроҳзадагон афсӯс мехӯранд, зеро онҳо номи гумроҳзадагиро сазовор гаштаанду ба авлоду аҷдодонашон иснод меоваранд ва хоҳанд овард. Чунин бошад ҳам баъзе роҳгумзадагон боз ба давлату кишвари худ баргашта истодаанд ва ё фикри баргаштан доранд ва баъзеи онҳо баъди дидани ватанашон ҳушёр мегарданд ва шод мешаванд, ки он давраҳои бо душманон гузаронидаашон хобашон будааст.

Худи он ташкилотҳо маркази иттилоотии фитнаангези бо чашми бад ба соҳибтамаддунии кишварамон Тоҷикистон назар афканандагон мебошанд. Худ аз гумроҳ будани худ бехабар мардумро гумроҳ мепиндоранд ва гумроҳ мекунанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *