ЗАҲҲОКСИФАТОН ВА ИБЛИСРӮЁНИ ЗАМОНИ МУОСИР

Дар замони мо кўшиши шахсиятњои људогона, ҳизбу ҳаракатҳо созмонҳо ва давлатњое низ њастанд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила, аз љумла дар муборизахои сиёсии худ динро парчами худ намуда, тухми кинаву адоват кошта истодаанд. Воќеан бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуктаи назари динӣ хатогии махз аст.

Имрўз гуруҳу созмону харакатхои мамнуъ эълонгардида, заҳҳоксифатону иблисрӯён ба мисоли Сайидюнуси Истаравшанӣ ва њаммаслаконашон бо њимояи хољагони хориљиаш боз барои тира кардани фазои ороми љомеаи кишвари соњибистиќлоли мо талошњои бењуда меварзанд. Аслан њизбу гуруњу созмону њаракатхои мамнуъ эълонгардида, ки берун аз Точикистон фаъолият доранд, фикру аќидаю андешаи солим надоранд ва ба ѓайр аз тањќиру мафиатљўиву њарзагуи чизи дигар нест.

Масалан, имрўз боз иблисрўён чун Сайидюнуси Истаравшанӣ бо њар роњу васила, бо  маќолаи интишори навбатиаш худро сиёсатмадору динї дунявї нишон дода истодааст. Воќеан, дар майдони сиёсати ҷаҳонӣ маҳз ба василаи ҳамин симои манфур гоҳо мардуми тоҷик хурофотиву динзада муаррифӣ мегардад, ки боиси нигарони буда, иллат ба миллат мезанад. Маҳз бо кирдорҳои ҳамин гуна шахсиятҳои хатарзо ва хиёнаткори ҷомеа баъзе давлатҳо майдони ҷангу хунрезӣ гардидаанд. Чунин рафтори разилонаи хоинони ватан мавриди мазаммату танқиди солимфикрон ва мусулмонони чаҳон қарор дорад. Имрўзҳо беш аз пеш собит гардида истодааст, ки сабабгори аслии тамоми бадбахтиҳо ва корҳои нанговари зиёд ҳамин гуна шахсиятњо  мебошанд.

Хушбахтона, имрӯз аксари сокинони кишвари соњибистиќлоли мо ба ин тамоюлњо бањои дурусти худро медињанд, зеро оид ба давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фаќат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараќќї дода, роњњои дурусти онро пешаи мардум гардонад.

Мамадҷонов Ф. С., устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *