Гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти миллиро ба даст оварда, санадҳои ҳуқуқии худро қабул карда бошад ҳам, сохтани ҷомеаи нав ва бунёди давлати пешрафта кори хеле мушкил мебошад. Ташкилшавии ҳамагуна ҳаракатҳои динии ифротгарӣ, терроризм ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ асоси дини исломро дар ҷомеа вайрон намуда, мақсадҳои сиёсии худро амалӣ менамоянд. Барои амалӣ намудани он аз эътиқоди мардуми мусулмони ноогоҳ сӯиистифода менамоянд, ки нишони ин вазъият дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис ёфта, оиди амалӣ намудани чораҳои мушаххас дар самтҳои тартиботи ҷамъиятӣ, мусодираи силоҳ ва лавозимотҳои ҷангӣ аз дасти гурӯҳҳои ҷангӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолияти пурсамар бурда истодааст. Аз изҳороти Ситод маълум мегардад, ки он оиди иҷро кардани барномаи мунтазами ҳукуматӣ то санаи 11.10.2018сол корҳои зиёдеро ба итмом расонидааст. Аз ҷумла дар ш. Хоруғ 136 адад силоҳҳои оташфшонро аз гурӯҳҳои ҷиноятӣ мусодира кардааст.
Душманони миллати мо мехоҳанд бо истифода аз силоҳ ва воситаҳои ҷангӣ дубора кишвари тинҷу осудаи моро ба бесарусомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта баргардонанд. Саркардагони ин гурӯҳҳои ҷиноятӣ бо мақсади ноором сохтани вазъи кишвар аз кишварҳои хориҷа маблағгузорӣ карда мешаванд.
Мо аҳли ҳайати устодон ва кормандони факултет ва донишкада нисбати вазъияти имрӯза дар ВМКБ бетараф набуда хоҳони ба зуддӣ ҳалшавии ин муаммо ҳастем. Ба аҳолии ВКМБ пешниҳоди зеринро изҳор менамоем:
– барои халалдор накардани муҳити солими давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аҳолии ВКМБ-ро зарур аст худро аз гумроҳшавӣ ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, экстремистӣ ва террористӣ эмин доранд;
– барои пешгирии ҷавонони ВКМБ аз аъзошавӣ ба ин гурӯҳҳо мунтазам корҳои огоҳонӣ дар байни онҳо гузаронида шавад.
Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар замони муосир яке аз хатарҳои бузург барои таъмини амният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта умеди онро дорем, ки мардуми ВКМБ фирефтаи суханони дурӯғи душманони халқу миллат нагардида тинҷиву оромии кишвари маҳбубамонро қадр намуда онро ҳамчун гавҳар ҳифз менамоянд.
Аҳли кафедраи молшиносӣ
ва фаъолияти гумрукӣ