Бӯҳрони сиёсии охири садаи XX ва аввали садаи XXI мамлакатҳои ҷаҳонро фаро гирифт ва барои ташкилёбии хизбҳо ва гурӯҳҳои ѓайриқонунӣ мусоидат намуд.
Дар Тоҷикистон рӯйхати ҳизбҳои ѓайриқонунӣ ва гурӯҳҳои экстремистӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар сафи онҳо шаҳрвандони тоҷик низ мавҷуд мебошанд:
- Ихвон-ул-муслимин»
- «Ҷамоати исломӣ»
- Ҷумбиши Толибон
- Ҳизби исломии Туркистон
- «Лашкаи Тайиба»
- «Таблиғи Ҷамоат»
- «Давлати исломӣ» (ДОИШ)
- «Ҷабҳат-ун-нусра»
9.Ҳизби наҳзати ислом
Рӯйхати созмонҳое, ки бо қарорҳои дахлдори Суди Олии Тоҷикистон ҳамчун созмонҳои экстремистӣ эътироф шудаанд:
- Ҳаракати исломии Ӯзбекистон
- «Ал-Қоида»
- «Ҷамъияти Таблиғ»
- «Созмони Таблиғ»
- «Тоҷикистони озод»
- «Ҷамоати Ансоруллоҳ»
- «Гурӯҳи 24»
- «Давлати исломӣ» (ДОИШ)
- «Ҷабҳат-ун-нусра»
- Ҳизби наҳзати ислом
Ҳизбҳо ва созмонҳои террористӣ бо ҷонибдорони фаъолаш худ ба монанди Мухиддин Кабирӣ кӯшиш карда истодаанд, ки сулҳу Ваҳдати миллиро халалдор намуда, кишвари биҳишосорро ба харобазор табдил диҳанд.
Бояд тазаккур намуд, ки солҳои охир бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шаркӣ мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ ҳам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароенаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар чомеа меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни шаҳрвандони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд ки танҳо давлати дунявию демократӣ метавонад, динро тариққи дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин аққалиятҳое низ вуҷуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин ақида маҳз хато мебошад. Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ муаммоҳо чой доранд. Ба ин мисол шуда метавонад, фаъолияти Ҳизби наҳзати Исломӣ ҳаракати мардумии “Растохезки баъди интишори қонун “ Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ЧШС Тоҷикистон”- 12 декабри соли 1990 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст ташкил ёфтан гирифтанд. ҲНИ 26 октябри соли 1991 ташкил ефт. Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ чой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоҳанд ки чаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар дар гузашта дузду чинояткор будаанд. Қисми зиеди чунин шахрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд ба монанди собиқ рохбари ҲНИ ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанграфтаистодаи Сурияи Араб Ироқ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд ҳалок шудаанд. Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти бо суръати он тарафи вусъат ёфтани низоҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд. Аз ин ҷост ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бидонад ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995 миллати тоҷик дар марзҳои Афғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бебодигариҳои диниро ба дӯши худ гирифта ба ивази курбониҳои ҷонӣ ва ҳисороти бузурги иқтисодию молиявӣ нагузошт, ки дар Точикистон нерӯхои ифротгароии динӣ ва дигар давлатҳои осиегии аъзои ИДМ мавкеи роҳбарии худро дошта бошанд. Аз ин ҷост ки Ҷумхурии мо яке аз кишварҳои камшуморест ки муқобили ин қабил озмоишҳои рақобатпазирӣ истодагарӣ ва пирӯз шуданро мақоми худ кардааст фаъолиятҳои зиёдаравии динӣ ғарбарошуда корвони худро аз мамлакатҳои Шарқ ба ҷойхои наздиктари мамлакатхои Ғарб интиқол додаанд ки холо бо номи созмони ифротгароию террорисии ДИИШ дар либоси сиёхи дӯстдорони дини ислом корҳои душманони онро бароварда хайр карда истодааст. Вале ин падидаи бад на танҳо пайванди худро ба манзилҳои харобкардаи худ канданӣ нест, балки монанди тори тортанак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст. Яке аз ин гуна озмоишҳои онҳо моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон буд, ки онро ба ҳадафи нопоки худ кашиданӣ буданд. Ҳамаи намудҳои фаъолияти ХНИ-ро ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо қарори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумҳурӣ қатъ гардонида шуд. Вазъияти ногувори амният дар чаҳон фаъолиятҳои гурӯҳи ифротгароию терористӣ тақозо менамояд ки мо пеши роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушти устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем. Дар шароити ҳозира маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маркази илмии тахлилӣ бо масъулияти калон ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро иҷро карда истодааст.