ҲНИ ифротгаро ва терорист аст

Бештари инсонҳо оид ба мусулмонӣ чунин андеша доранд, ки мусулмонӣ бо забон гуфтану бо қалб тасдиқ кардан аст. Дар ин маврид фармудае низ ҳаст, ки «Мусалмони комил он аст, ки дагарон аз забон ва дасти ӯ озоре набинанд». Аммо мутаассифона имрӯзҳо зуҳури ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар ҷомеа, ки аксаран ҳадафҳои нопоки худро таҳти ниқоби дини мубини ислом роҳандозӣ мекунанд ба назари аҳли олам динро ҳамчун василаи ихтилофангезиву тахрибкорӣ муаррифӣ мекунад. Дур намеравем, мушоҳида мекунем фаъолияти ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати исломиро.

Ташкилоти террористи-экстремистии ҲНИ (Т.Т.Э.Ҳ.Н.И) то ҳануз аз ақидаи ифротгароёна ва усули муборизаи зуроварона даст накашидааст. Исботи амалии ин гуфтаҳо содир гардидани амалиёти террористии 29-июли соли 2018 аст, ки нисбат ба шаҳрвандони хориҷи аз ҷониби аъзои ин ташкилот дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон анҷом дода шуд. Гуруҳи террористони марбут ба Т.Т.Э.Ҳ.Н.И бо зоҳир кардани бераҳмии ба наҳзатҳо хос ба сайёҳони хориҷи ҳамла карда, онҳоро ба қатл расониданд. Ин амали нангин ба ҷиноятхои сангини солҳои навадуми асри гузашта содиркардаи наҳзатиҳо, ки мухолифон ва хориҷиҳоро мавриди ҳадаф қарор медоданд бисёр шабоҳат дорад. Ин ҳодисаи мудҳиш бевосита бар зидди манфиатҳои давлату миллат равона гардида, барои ноором сохтани вазъият, вайрон кардани қонуният, даҳшат барангехтан дар ҷомеа анҷом дода шудааст. Бояд қайд кард, ки ин ҷиноят тасодуфи набуда маҳз аз шарафи душманони миллат ҳизби фирории наҳзати тарҳрези шудааст. Даст доштани наҳзатиҳо ва пуштибондои хориҷиашон дар амал терористии мазкур бо далелҳои раднопазир исбот гардидааст.

Акнун фаъолияти онҳо танҳо аз иғвогарию буҳтон задан ба Давлату Ҳукумати Тоҷикистон иборат хоҳад буд. Т.Т.Э.Ҳ.Н.И ҳамчун неруи аҳримании харобкор дар кишвар ва арсаи Байналмилали шинохта шудааст ва аз ҷониби созмонҳои бонуфузи фаҳонию минтақави ба сифати ташкилоти террористию ифротӣ эътироф гардидааст. Бинобар ин тамоми тоҷикистониҳо ва мардуми солимфикр Т.Т.Э.Ҳ.Н.И-ро, ки имрӯз бо террору даҳшатафкани мехоҳад оромию осудагии кишварро халалдор созад маҳкум мекунанд.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон дар атрофи сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ҷамъ омадааст ва барои пешрафту ободи заҳмат мекашад. Сохторҳои қудратии кишвар то андозае тавоноянд, ки ҳамма амнияти Ватанро таъмин карда метавонанд. Ягон имконияти роҳ гардидану тақвият ёфтани падидаҳои номатлуб ва ақидаҳои наҳзати дигар мавҷуд нест. Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилали ҳамчун давлати дорои сохти демократию дунявӣ ва пешсафи мубориза бо тероризму ифротгарои шинохта шудааст.

 

ассистент Холиқов Даврон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *