Пас аз аёну тасдик шудани амалҳои разилонаи наҳзатиҳо, роҳбари он Кабирӣ ва пайравонаш дар кишвари Аврупо паноҳ ёфта, барои “сафед” кардани худ номи хизбро ба “Паймони милли..”(ПМ) табдил дод. Воқеан ТТЭ ҲНИ ният дорад, ки дар заминаи ташкили эътилофи дигарбораи гурӯҳҳои мухолифин (оппозитсиони)-и тоҷик, яъне “Паймони милли ….” сояи худро аз буда “бузургтар” ҷилва диҳад. Кабирӣ имрўз бо муаррифӣ намудани симои нав ва ҳадафи муғризонааш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромади ифротӣ намуда, кӯшиш карда истодааст, ки ҷавонон ва бахусус муҳоҷирони меҳнатиро гумроҳ намуда, тавассути онҳо амалҳои разилонаи хешро иҷро намояд. Маълум аст, ки Кабирӣ бо чунин амали ҳангомаҷӯёнаи худ, яъне созмон додани чунин эътилофи бебунёд чӣ ҳадафи муғризонаеро пайгирӣ кардан мехоҳанд. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда мардумро ба чолиш кашанд. Бубинед ин муддаиёнро, ки агарчи зоҳиран лофи ватандорию миллатдӯстӣ мезананд, аммо амалан алайҳи миллат ва Ватани худ талош меварзанд. Пас суол ба миён меояд: Оё ҳамин аст оини ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандии онҳо? Магар фаромӯш кардаанд, ки маҳз онҳо бо чунин амалҳои номатлуб ду даҳсола пеш боиси шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ гардида Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ шуданд. Аммо наҳзатиёни тафриқаангез бояд ба эътибор гиранд, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз паи чунин муддаиёни гумроҳе, ки ҷомеаро ба сӯи вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, нахоҳад рафт. Воқеияти ин масъаларо ҳатто дар робита ба сатҳи баргузории нишасти доиркардаи ТТЭ ҲНИ ва афроди ҳангомаҷӯи даъваткардаи онҳо низ метавон пай бурд. Таҳлилҳо собит менамояд, ки ТТЭ ХНИ чун солҳои қаблӣ бар хилофи манофеи миллии мо ва бар зарари мардуми Тоҷикистон амал мекунад, Воқеан имрўз ТТЭ ҲНИ ва гурӯҳҳои дигар, бахусус “Гурўҳи -24” аз қабили чунин ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Оё ин гуна пиндор ва рафтори бадхоҳонаи онҳоро нисбат ба Ватану ҳамватанон метавон мувофиқ ва мутобиқ ба ахлоқи исломӣ донист? Албатта не! Ҳақиқати ин масъала ошкор аст. Ин ҳақиқат, яъне номутобиқатии аъмоли ифротгароёнаву тундравонаи намояндагони ТТЭ ҲНИ ба меъёрҳои ахлоқи инсониву исломӣ, аз ҷумла барои худи муддаиёни наҳзатӣ ва хоҷагони хориҷиашон низ аён аст. Аммо барои ин муддаиён ҳақиқат муҳим нест, зеро онҳо аслан на дар пайи ҳақиқат, балки дар пайи манфиат мебошанд. Зеро онҳо худ абзори сиёсии дигаронанд ва дину мазҳаби худро низ сиёсӣ кардаанду ба абзори сиёсии дигарон табдил додаанд. Хулоса, М.Кабирӣ ва хоҷагонаш дониста бошанд, ки дигар касе аз мардуми боору номуси тоҷик ва ҷавонони саодатманд, шумо гумроҳон ва хоинони миллати тоҷикро пайравӣ ва ҷонибдорӣ нахоҳад кард. Зеро мақсаду нияти шумо хиёнат ба давлату миллат ва теша задан ба решаи миллат аст!
А. Валиев,
ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ