Мо аҳли омӯзгорон ва кормандони кафедра оид ба баромадани филми мустанади “Хиёнат” хеле хушнуд шудем. Халқи кишварамон бояд кӣ будани душманони ашаддиашонро донанд. Ин гуна филмҳо бояд зиёдтар бароянд. Мо бояд таърихи худро донем ва дар асоси он ба нафароне, ки ба тақдири ватани мо, давлати мо таъсир расонидаанд, фарқ кунем. Хусусан разилоне, ки чашми пешравии кишвари моро надоранд, донем. Насли ҷавонамонро аз хатарҳои ҳамкорӣ бо чунин нокасон нигоҳ дорем. Зеро, ки чунин хиёнаткорон ба монанди М.Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафони амсоли инҳо, ки ҳатто бо зикри номи манҳусашон даҳон олуда мешавад, имрӯз аз мусибати ба сари мардум омада суд меҷӯянд. Бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ фазои тозаи иттилоотии кишварамонро нопок месозанд.
Бо дастгирии кишварҳои абарқудрат таърихро нодуруст нишон дода, фашистонро, хоинонро “қаҳрамон” нишон медиҳанд. Ба ақидаи фашистон дар рӯи Замин танҳо нажоди олӣ, ориёни асил ҳаққи зистан доранд. Дигарон ғайриодам ҳисобида мешуд. Лекин ориёии асил кист? Ин боқимондаи халқи афсонавии ҷазираи ғарқшудаи Атлантида мебошад. Тадқиқотҳои олимон нишон дод, ки дар рӯи Замин ҳеҷ гуна ориёии асил вуҷуд надорад. Ин ақидаи тамоман нодуруст аст.
Хоини халқи араб Абдулваҳҳоб, ки зиёда аз 200 сол пештар бо роҳбарии ҷосуси англис Ҳамфер дар давоми 25 сол бо баҳонаи ҷорӣ кардани Исломи асил шаҳрҳои осудаи Арабистони Саудиро ғорат карда, садҳо ҳазор мардуми бегуноҳро қатл намуда буданд. Ҳоло бошад, роҳбарияти Арабистони Саудӣ Абдулваҳҳоб ва тарафдорони ӯро “қаҳрамони миллат” эълон мекунанд.
Худи асоси идеологии ҳизби наҳзати Ислом, ки он як шохаи Ҳизби экстремистии Таҳрир мебошад, бо ҳамдигар мувофиқ аст. Мақсади ниҳоии онҳо ташкил намудани давлати ягонаи мусалмонӣ дар рӯи Замин аст. Бо кадом роҳ ин мақсади онҳо амалӣ мешавад, фарқе надорад. Дар ин роҳ миллионҳо мардуми бегуноҳ қурбон шавад ҳам ба онҳо фарқе надорад. Зеро онҳо на фақат ғайримусалмонон, балки худи мусалмононро ба қатори одам намегиранд. Ба ақидаи онҳо дар рӯи Замин фақат мусалмонони асил ҳаққи зистан доранд. Дигаронро бемалол нобуд кардан мумкин аст.
Аз ин сабаб мо аъзоёни кафедра ба сокинони кишварамон муроҷиат менамоем, ки
– душманони миллат, давлат, сарҳад надорад;
– онҳо барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки ноором сохтани фазои осуда аз ягон воситаю амалҳои зишт рӯй намегардонанд;
– барои онҳо паҳн кардани маълумоти бардурӯғ бо ҳар роҳ муҳимтар аст, на ин ки фикр кардан дар бораи некӯаҳволии сокинони Тоҷикистон;
– дар замони нотинҷ мо бояд ҳушёрии сиёсӣ ва шаҳрвандиро нигоҳ дорем;
– мо сокинони Тоҷикистон бояд якдилона душманони миллат ва пуштибонҳои онҳоро маҳкум намоем;
– мо бояд таърихро хуб донем, дӯстро аз душман фарқ кунем;
– ба нафарони таърихро ба манфиати худ дигаркунанда ҷавоби сазовор диҳем.