ХИЁНАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН – МАҚСАДИ АСОСИИ НАҲЗАТИСТ!

 

Аз баромадани филми мустанади “Хиёнат” мо хеле хушнуд шудем. Халқи кишварамон бояд кӣ будани душманони ашаддиашонро донанд. Ин гуна филмҳо бояд зиёдтар бароянд. Мо бояд таърихи худро донем ва дар асоси он ба нафароне, ки ба тақдири ватани мо, давлати мо таъсир расонидаанд, фарқ кунем. Хусусан разилоне, ки чашми пешравии кишвари моро надоранд, донем. Насли ҷавонамонро аз хатарҳои ҳамкорӣ бо чунин нокасон нигоҳ дорем. Зеро, ки чунин хиёнаткорон ба монанди Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафони амсоли инҳо, ки ҳатто бо зикри номи манҳусашон даҳон олуда мешавад, имрӯз аз мусибати ба сари мардум омада суд меҷӯянд. Бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ фазои тозаи иттилоотии кишварамонро нопок месозанд. Дар канали “История”-и Федератсияи Русия дар бораи чунин хиёнаткорон ба монанди генерал Власов, Бендера, хоинони кишварҳои Прибалтика, Полша филмҳои мустанади таърихии ҷолибро намоиш медиҳанд. Зеро, ки бо дастгирии кишварҳои абарқудрати ба ҳамагон таърихро нодуруст нишон дода, фашистонро, хоинонро “қаҳрамон” нишон медиҳанд. Ба ақидаи фашистон дар рӯи Замин танҳо нажоди олӣ, ориёни асил ҳаққи зистан доранд. Дигарон ғайриодам ҳисобида мешуд. Лекин ориёии асил кист? Ин боқимондаи халқи афсонавии ҷазираи ғарқшудаи Атлантида мебошад. Тадқиқотҳои олимон нишон дод, ки дар рӯи Замин ҳеҷ гуна ориёии асил вуҷуд надорад. Ин ақидаи тамоман нодуруст аст. Лекин дар асоси ин ақидаи ғалат зиёда аз 60 миллион мардуми кишварҳои гуногунро фашистон нобуд карданд. Халқи кишвари мо низ бояд ин ҳақиқати таърихии ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Ҷанги дуюми ҷаҳон тааллуқдоштаро донанд, ки ин таърихи мо ҳам мебошад. Дидан мумкин аст, ки чӣ тавр ин хоинон халқи мусибатзадаи бесарпаноҳро азоб медоданд, мекуштанд, қаҳрамонони асили ватанро мефурӯхтанд. Хоинони имрӯзаи ватани мо бо амал, рафтор ва гуфтори худ аз ин хоинони замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ фарқе надоранд. Аз мусибати ба сари халқ омада, аз дини мубини Ислом ба манфиати худ сӯиистеъмол мекунанд.

Ё мисоли дигар, хоини халқи араб Абдулваҳҳоб, ки зиёда аз 200 сол пештар бо роҳбарии ҷосуси англис Ҳамфер дар давоми 25 сол бо баҳонаи ҷорӣ кардани Исломи асил шаҳрҳои осудаи Арабистони Саудиро ғорат карда, садҳо ҳазор мардуми бегуноҳро қатл намуда буданд. Ҳоло бошад, роҳбарияти Арабистони Саудӣ Абдулваҳҳоб ва тарафдорони ӯро “қаҳрамони миллат” эълон мекунанд. Гӯё онҳо ба муқобили империяи бузурги Туркия мубориза бурда бошанд. Ин гуна мубориза дар гӯшаи хаёли онҳо набуд. Мақсади асосиашон халқи мусибатзадаи худро ғорат кардан буд. Аз ин далели таърихӣ сиёсатмадорони абарқудратҳои ғарб ба манфиати худ хулосаи хуб баровардаанд. Яъне бо баҳонаи “беҳтар” намудани Ислом имрӯз садҳо ҳизбу ҳаракатҳо ва бидъатҳои навро ба амал оварда, ба сари халқи кишварҳои мусалмон мусибатҳои нав ба нав меоранд. Дар як худи кишвари ҳамсояамон Афғонистон чунин бидъатҳо зиёда аз 30 адад мебошанд. Аксари аҳолии Афғонистон бесавод мебошанд. Халқи бесаводро гумроҳ кардан хеле осон аст. Аз ин сабаб дар ин кишвар зиёда аз 40 сол ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад ва дар даҳсолаҳои наздик умеди сулҳбандӣ дида намешавад.

Худи асоси идеологии ҳизби наҳзати Ислом, ки он як шохаи Ҳизби экстремистии Таҳрир мебошад, бо ҳамдигар мувофиқ аст. Мақсади ниҳоии онҳо ташкил намудани давлати ягонаи мусалмонӣ дар рӯи Замин аст. Бо кадом роҳ ин мақсади онҳо амалӣ мешавад, фарқе надорад. Дар ин роҳ миллионҳо мардуми бегуноҳ қурбон шавад ҳам ба онҳо фарқе надорад. Зеро онҳо на фақат ғайримусалмонон, балки худи мусалмононро ба қатори одам намегиранд. Ба ақидаи онҳо дар рӯи Замин фақат мусалмонони асил ҳаққи зистан доранд. Дигаронро бемалол нобуд кардан мумкин аст. Мусалмони асил аз ғайриасил чӣ фарқ дорад? Бо ин ақида дар байни мусалмонон ҳисси нобоварӣ ба дигарон, кинаву адоват дар ҷои тамоман холӣ пайдо кардаанд. Ин ҳамон идеологияи фашизм мебошад, ки дар асоси идеологияи нодуруст мехоҳанд ҳаёти тамоми мусалмононро ба хатар гузоранд. Босмачиёнро “қаҳрамони миллат” эълон кардани наҳзатиён мисоли равшани таҳрифи таърих мебошад.

Аз ин сабаб мо бояд таърихро хуб донем, дӯстро аз душман фарқ кунем. Ба нафарони таърихро ба манфиати худ дигаркунанда ҷавоби сазовор диҳем.

Иброҳимов И.И.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *