ИДЕОЛОГИЯИ ҲНИ ҲАМЧУН ВИРУСИ СИЁСӢ

Дар ин рӯзҳо куллӣ башарият бар зидди офати табии марговар – вируси “тоҷдор” мубориза мебарад. Имрӯз зиёда аз 200 давлати дунёро ин касали фаро гирифта, қариб 12 миллион одамон гирифтори ин беморӣ гаштанд. Афсӯс, ки кишвари мо ҳам аз ҳамлаи ин вирус дар канор намонд. Ҳазорҳо одамон ба ин касалӣ, ки номаш “COVID-19″  мебошад гирифтор гашта, тибқи маълумоти омори расмӣ зиёда аз 50 тан ҳамватанонамон қурбон гаштанд. Бояд гуфт, ки нишондиҳандаҳои гирифторшудагон ба ин беморӣ дар Тоҷикистон нисбат дигар давлатҳо хеле кам аст. Дар ин рӯзҳои вазнини ба сари мардум омада давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро андешида истодааст, ки пеши ин касали тезтар гирифта шавад. Дар аксоси Амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳо ва Нақшаи чорабиниҳои ситоди ҷӯмҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавируси “COVID-19″ корҳои назаррас амалӣ шуда истоданд.Чунончӣ, имрӯзҳо иттиҳодияҳову ташкилотҳо, соҳибкорони кишвар ва ҳизби сиёсии пешбарандаи ҷомеаи мо-Ҳизби Халқии ДемократииТоҷикистон дар мубориза бар зидди бемории коронавирус фаъолона ширкат варзида, на фақат музди меҳнати якрӯзаи худ, балки як қисми маблағҳои аз ҳисоби ҳаққи аъзогӣ бадастовардаашонро ба шифохонаҳову марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои навбунёди касалиҳои сирояткунанда бахшиданд.

Вале аз вазъияти пандемияи “COVID-19″ истифода бурда ҳизби наҳзати ислом дар ин рӯзҳо ба фазоии иттилоотии ҷомеа ворид гашта, ҳамчун “вируси сиёсӣ” мафкураи одамонро олуда менамояд. Роҳбари он М.Кабирӣ ва шариконаш ба мисли “Гурӯҳи 24”, гурӯҳи ба ном “озодандешон” ҳамеша тавассути саҳифаҳои иҷтимоии интернет даъво менамоянд, ки онҳо ватанпарваранд, худро ҳамчун ғамхори давлату миллат муаррифӣ менамоянд. Имрӯз дар шароити пандемияи коронавирус-“COVID-19″ вақте расидааст, ки аз онҳо бори дигар пурсон шавем: шумоён ки худро ҳамчун “сарсупурдаи миллат” муаррифӣ менамоед барои ин давлату миллат, барои ин сарзамин чӣ хидмате кардед? Оё ягон беморхона, маркази саломатӣ ё ягон оилаи нодор ё ягон беморро дастгирӣ намудед?  Ҷавоби ин савол ба виҷдони онҳо вобаста аст, лекин ба ҳар ҳол аз мазмуну мундариҷаи аъмолашон натиҷабардорӣ намуда, ба ин савол ҷавоби манфи додан мумкин аст. Онҳо ба хайру саховат, ҳамдарди қодир нестанд, зеро рисолати онҳо – неш задан ба давлат, ҳукумат, мақомотҳои маҳаллӣ, олуда намудани мафкураи мардум мебошад.

Дар яке аз вокунишҳои хеш таъкид карда будем, ки М Кабирӣ ва лаганбардорони ӯ барои устувор гардонии пояҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон аққалан як “хишт” нагузоштаанд ва намегузоранд ҳам, зеро хоҷагонашон ба онҳо иҷозат намедиҳанд. Маблағҳои хоҷагонашонро онҳо  асосан барои ноором гардонидани ҷомеаи Тоҷикистон, ба тарғиби ғояҳои экстермистӣ ва террористӣ равона менамоянд. Лозим ба таъкид аст, ки  хоса М. Кабирӣ “озодандешиву демократиябозӣ” карда, то ҳол ин корро идома дода истодааст. Мо дар ин бора гуфта будем ва боз такроран мегӯем, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон чунин демократияю озодандешие, ки ҷомеаро ба бесарусомониҳо меорад даркор нест. Ҳадаф аз ёдовар шудани ин нукта аз он иборат аст, ки дар таърих падидаи озодандешӣ ҳамчун василаи ислоҳи камбудиҳо ва ободу ороста гардонии ҷомеа баррасӣ гаштааст. Сад афсӯс, ки имрӯз “озодандешон” – и тоҷик аз дуриҳои дур истода, ба мо ҷомеасозиро меомӯзонанд. Бо баробари ин хотирррасон мекунем, ки мо ҳам аз сирру асрори ҷомеасозӣ, роҳҳои бартараф намудани ҳаргуна буҳронҳо бохабарем. Принсипҳои бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ, иқтисодӣ бозории рақобатпазир, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дигар арзишҳое, ки шумоён иброз медоред, ба мо ҳам маълум аст. Ба андешаи мо бузургтарин дастоварди Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин аст, ки дар ин солҳо ваҳдати миллати тоҷик ба даст оварда шуд ва дар ҷомеа сулҳу осоиши устувор барқарор гашт. Имрӯз дар ҷаҳон давлатҳое кам нестанд, ки бо гузашти солҳо онҳо ҳамчун миллат ба ваҳдат наомаданд ва худро ҳамчун як гурӯҳи воҳиди этникӣ нашинохтанд. Ба андешаи мо, агар шумоён “озодандешон”, дар ҳақиқат ҳам ободиву оростагии ҷомеаи Тоҷикистонро мехостед бо давлату ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ менамудед, барои ҳаллӣ муаммоҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ ҷомеаи муосири Тоҷикистон, баҳри мубориза бар зидди вабои аср – бемории сироятии коронавирус саҳмгузор мешудед. Аз дур истода маслиҳату дастур додан осон аст, вале дар Ватан қарор дошта, ба “ҷароҳатҳои иҷтимоӣ”-и он дармон бахшидан кори саҳл нест. Барои ин инсон бояд Ватани худ, миллати худро дӯст дорад, марзи бум, обу хоки онро муқаддас донад. Аз ин лиҳоз, он ашхосоне, ки дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет андешаҳои “озодандешона”-и худро баён намудаанд, озодандешони ватанпарвар номида наметавонем.

Бояд қайд намуд, ки авзои ҷаҳони имрӯза бо арзи вуҷуд намудани пандемияи “COVID-19″ боз ҳам мураккабтар гаштааст. Баъзе давлатҳо овораи айбдор намудани якдигар дар паҳн гаштани ин бемор мебошанд. Тамоюлҳое, ки имрӯз дар афкори умум ҷой доранд, ҳамаи моро ҳушдор медиҳанд, ки боандешаву ботаҳаммул бошем. Фирефтаи афкори бегонагон нагардем. Воқеан мардуми тоҷик рӯзҳои аз ин ҳам сахтро аз сар гузаронидааст. Аз оқибатҳои ҷанги шаҳрвадӣ садҳо деҳоту шаҳрҳо, корхонаву муассисаҳои вайрону валангор гаштаро аз нав бунёд намуд, пулҳо ва роҳҳо сохт, Неруҳои обии барқии бузургро бино кард, сатҳи зиндагии мардумро ба маротиб боло бурд. Албатта, ҷойи андешаву таҳаммул аст, пас бояд риштаи ваҳдатро қавитар чанг зада, барои ободии Ватан ва фардои дурахшони кишвар ҳама бо дилу нияти пок кору фаъолият намоем.

Шубҳае нест, ки дар ин рӯзҳои вазнин миллати тоҷик зиракии сиёсӣ, ватанпарварӣ, ваҳдатгароии худро бори дигар нишон дода,  вабои аср- пандемияи сирояти коронавируси “COVID-19″ -ро паси сар менамояд ва бо баробари ин намегузорад, ки фазои иҷтимоиву сиёсии ҷомеа ба ҳаргуна “вирусҳои сиёсӣ” олуда гардад.

 

  Расулҷон Солиҷонов -профессори кафедраи

ҷомеашиносии ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *