Изҳороти кафедраи математекаи олӣ ва технололгияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ нисбати фаъолияти имрӯзаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо 

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки ташкилотҳои байналмилалӣ танҳо фаъолиятро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин,аз ҷӯмла, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар амалу кирдорҳои номатлуби ҷомеа ба роҳ монда, вазифаҳои худро назди ҷамъият ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ содиқона ва софдилона иҷро намоянд. Вале, мутаассифона Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) симои худро дигар намуда, дар думболи пуштибонии ифротиёну террористон фаъолияташро ба роҳ мондааст, ки кишварҳои дунё аз фаъолияти имрӯзааш бохабар шудаанд ва он тасдиқи худро ёфта истодааст.

Мо омӯзгорони кафедра аз фаъолияти солҳои қабли ва имрӯзаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ёдовар шуда, қайд менамоем, ки ин ташкилоти байналмилалӣ бо намояндаи ТТЭ ҲНИ сӯҳбату вохӯриҳо доир намуда, ба бадномкунии миллати соҳибистиқлоламон кӯшиш ба харҷ дода истоданаш ба мушоҳида мерасад. Дар ирбот ба ин бояд қайд кард, ки новобаста аз шарҳу далелҳо дар конфронси САҲА, ки фаъолони ТТЭ собиқ ҲНИ ва роҳбари он М.Кабирӣ сабти ном шуда, иштирок карда истодаанд. Ин ба он гувоҳӣ медиҳад, ки имрӯз САҲА симои худро дигаргун намуда, ба ташкилоти байналмилалии “тиҷоратӣ” табдил ёфтааст.

САҲА бояд дарк намояд, ки ТЭТ ҲНИ яке аз гурӯҳҳои хатарноки ҷомеа мебошад ва ҳамеша кӯшиш менамояд бо ҳар роҳу восита шаҳрвандонро ба доми худ кашида, гумроҳ созанд  ва бо ин роҳ  оромӣ ва сулҳу суботи кишварро халалдор намоянд. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки бадхоҳони миллат, алалхусус М.Кабирӣ ҳеҷ гоҳ ба нияти нопоки худ нахоҳанд расид. Намегузорем, ки ин гуна ашхос ва умуман гурӯҳҳои нохалаф оромӣ ва сулҳу суботро дар ҷомеа халалдор созанд. Хулоса воқеияти имрӯза тақозо менамояд, ки тамоми давлатҳо, аз ҷумла, ташкилотҳои байналмилалӣ бо узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дастҷамъона бар зиддӣ терроризиму ифротгароӣ мубориза бурдан ба мақсад мувофиқ аст.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *