Дар ДИС ДДТТ бахшида ба Рўзи бузургдошти Модар чорабинии тантанавии идона баргузор гардид. Сараввал директори ДИС ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ҳамаи бонувони донишкадаро ба Рўзи бузургдошти Модар табрику таҳният гуфта, барояшон саодати рўзгор, тансиҳатию хотирҷамъӣ, нишоту фараҳмандӣ, файзу баракати умр ва дар ҷодаи фаъолияти пурсамари таълиму тарбияи шоистаи насли наврас ва омода кардани мутахассисони соҳибтаҷриба комёбиҳои беназир таманно намуд.
Таҷлили Рўзи Модар дар оғози фасли зебоманзари баҳори нозанин аз бузургии сиришти занону модарон башорат медиҳад. Модар меҳвари хонадон ва оромиши ҷон мебошад. Модар ба мо ҳаёт мебахшад ва беҳтарин хислатҳои инсониро дар вуҷудамон бо шири зулолу сапедаш ҷой медиҳад. Дасти дуои модар ба қалби мо қуввату мадори ҷон бахшида, домони поку мубаррояш нахустин мактаби тарбияи инсоният ба шумор меравад.
Дар Паёми навбатии хеш Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мақому манзалати занону бонувон изҳори назар карда, зикр намуданд, ки нақши занон дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ хеле назаррас мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор бонувони донишкада барои дастовардҳои арзандаи илмӣ, таълимӣ, пирўзӣ дар мусобиқаҳои варзишӣ, ҳимояи рисолаҳои номзадӣ бо сипосномаҳои раёсати донишкада сарфароз гардонида шуданд.
Баъдан барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд. Монологи “Модар”, суруд ва рақсҳои дилнишин аз тарафи донишҷўён хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардонид. Ҳамчунин ҳофизони шинохтаи вилояти Суғд бо дастагули мусиқӣ баромад карда, бонувони донишкадаро ба ҷашни фархундаи Рўзи Модар табрик намуданд.