БОЗИҲОИ СИЁСИИ НАВБАТИИ ТТЭ ҲНИ БО СОЗМОНИ АМНИЯТ ВА ҲАМКОРӢ ДАР АВРУПО

Имрӯзҳо тариқи расонаҳои иттилоотӣ гурӯҳҳои ифротӣ ва нерӯҳои ғаразнок, зери нуфузи таъсиргузории хориҷӣ қарор гирифта, мехоҳанд боз ба майдони сиёсӣ ворид шуда, кинаву адоват коштан ният доранд. Масалан роҳбари ТТЭ собиқ ҲНИ Мухиддин Кабирӣ боз тибқи дастури хоҷагони хориҷиаш бо созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла, бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) бозиҳои сиёсии навбатиашро идома дода, барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо таҳдид эҷод намудан кӯшиш намуда истодааст. Таҳлилҳо собит менамояд, ки дар ҳақиқат САҲА дар думболи пуштибонии ифротиёну террористон фаъолияташро ба роҳ мондааст. Бо истифода ба ин ҳолат имрӯз роҳбари ТТЭ ҲНИ- Паймони миллатфурӯшон М. Кабирӣ дар хориҷи мамлакат бо пуштибонии намояндаи САҲА сӯҳбату вохӯриҳо доир намуда, ба бадномкунии миллати худ машғул аст. Имрӯзҳо кӯшиш дорад, ки бо бозиҳои сиёсии навбатиашро истифода бурда дар чорабинии навбатии САҲА ширкат варзад. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки пештар дар чорабиниҳои САҲА иштирокчиён, аз як зумра расмиёти қатъӣ пешакӣ гузашта, номнавис мешуданд. Сипас номзадҳо ҷиддан интихоб, муҳокима ва арзёбӣ мешуданд. Ҳоло вазъ дар САҲА ба таври ҷиддӣ тағйир ёфтааст. Яъне САҲА бар асоси принсипи «Шаҳри бедарвоза» фаъолияташро ба роҳ мондааст, ки ҳар хоҳишманд новобаста аз обрӯю эътибор, вазъи иҷтимоӣ, қонуншиканӣ ва даст доштанаш дар терроризм ё ҷинояткор имконияти иштирок ва ҳатто аз ин минбари байналмилалӣ суханронӣ карданро дорад.

Бо назардошти масъалаи матраҳгардида намояндагони САҲА бояд дар хотир дошта бошанд, ки фазои иттилоот васеъ аст, имкони лағжишҳои сиёсиву фарҳангӣ ҳам бештар хоҳад буд. Аз ин рӯ, ин нукта муҳим аст, ки то тавонанд санъати бо ҷомеаи ҷаҳон зистан, вале бо худ буданро омӯзанд. Қабл аз ҳама зарур аст, ки аз истифодаи “меъёрҳои дугона”дар мавқеъгирӣ нисбат ба созмону гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро даст кашида шаванд. Воқеияти имрӯза тақозо менамояд, ки зиддӣ терроризиму ифротгароӣ тамоми давлатҳо дастҷамъона мубориза баранд. Хулоса дар он аст, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, мо ҳама муттаҳид бошем.

Раҷабов Р. – муаллими калони кафедраи

математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *