Изҳороти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДИС ДДТТ оид ба парвандаи “Бародарони мусалмон” ва Далер Шарипов

 

Дар саҳифаҳои иҷтимоӣ хабару гузоришҳои зиёде дар бораи гаравидани намояндагони сохторҳои гуногун ба созмони “Бародарони мусалмон”, ки фаъолияти он дар кишвар манъ карда шудааст, ба нашр расиданд. Аз ҷумла, тибқи маълумотҳои расмӣ теъдоде аз шаҳрвандони кишвар бо ҷурми ҳамкорӣ доштан ба ин созмони террористию экстремистӣ боздошт гардиданд, ки дар ин бора мақомотҳои расмии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Аммо сару садоҳои зиёде дар хориҷи кишвар аз тарафи бадандешону бадхоҳони миллат баланд гардид, ки ин боздоштҳоро, зери тозиёнаи танқид гирифтанд. Аммо барои ҳар як аъмоли ношоиста шаҳрвандоне, ки даст ба кирдорҳои номатлуб задаанд, дар назди қонун посух мегӯянд.

Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи боздошти Шарипов Далер низ гузоришу хабарҳои зиёде ба нашр расидаанд, ки ахиран дар ин бора бо нашри як баёния Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳолатро шарҳ дода, сокинонро огоҳ намуд.

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Далерҷон Абдуманнонович, соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ниёгони ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд.

Аз ҷумла, моҳи июни соли 2019 Шарипов Д.А. рисолаеро бо теъдоди 100 адад ба таври ғайриқонунӣ дар чопхонаи пинҳонӣ интишор сохтааст. Рисола тибқи хулосаи ташхиси диншиносӣ, дар ҳошияи консепсияи ҷараёни «Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон»), ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст, таҳия гардида, ба моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ нигаронида шудааст, инчунин, онҳоро барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ даъват менамояд.

Аз ин лиҳоз ва бо назардошти бараъло мавҷуд будани таркиби ҷинояти барангехтани кинаву адовати динӣ дар ҳаракатҳои Шарипов Д.А., 28 январи соли 2020 нисбат ба номбурда бо аломатҳои қисми 1-и моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо қарори Суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе аз 30 январи соли 2020 ӯ ба ҳабс гирифта шуд. Тафтишоти парвандаи ҷиноятии Шарипов Д.А аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Парвандаи “Бародарони мусалмон” ва парвандаи Шарипов Далер  дар ҳоли тафтиш қарор дорад ва аз ин рӯ ҳангома бардоштан дар атрофи ин қазия аз рӯи инсоф нест. Мо боварӣ дорем, ки ҳомиёи қонун мунсифона амал карда, “мӯйро аз хамир ҷудо менамоянд” ва ба кирдори онҳо баҳои воқеӣ медиҳанд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *