ТЕРРОРИЗМ АМАЛИ ХАТАРНОКУ ФОҶИАБОР

Сулҳу ваҳдат барои тамоми мардуми тоҷик азизу муқаддас аст. Зеро он ба осонӣ ба даст наомадааст. Ҳанӯз ҳам мардум солҳои 90-уми асри гузаштаро аз хотир набаровардаанд.

Бо эълон шудани истиқлолияти давлатӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ боварии мардум ба ояндаи неки мамлакат зиёд гардид.

Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоли мо, имрӯз боѓеро мемонад, сарсабзу хуррам ва мардумонаш хушбахту озод зери парчами сулҳу ваҳдат хушу хурсандона зиндагӣ доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи давлатҳоест, ки бар зидди терроризм ва экстремизм муборизаи беамон мебарад. Дар ин иртибот мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти кишварро ташкил медиҳад. Роҳу усулҳои он ба таври рӯшан дар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» инъикос ёфтааст.

Имрӯз терроризм ва экстремизм яке аз падидаҳои зишт ва хатарнок барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Аз расонаҳои хабарӣ ҳар яки мо шоҳиди онем, ки имрӯзҳо дар гӯшаю канори дунё ҳодисаю амалҳои зиёди террористӣ ба амал омада истодаанд. Бо дарки ин маънӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ талош бар он дорад, ки дар роҳи мубориза ба ин амали номатлуб ҳамҷоя амал намояд.

Ҳамасола дар ҷаҳон даҳҳо амали террористӣ содир мешавад ва аз ин ҳисоб дар байни ҷомеаи баробари куштаву қурбоншудагон, осори тарсу ваҳм ва хавотирӣ боқӣ мемонад.

Муборизаи ҳар як узви ҷомеаи ба муқобили терроризм ва экстремизм дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, арзишҳои миллӣ, фарҳангу забон ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.

Оқибатҳои фоҷеабори ин падида ин куштору қатли одамон мебошад, ки он ба ҳар халқу миллат таъсири бад мерасонад.

Миллати тоҷик сулҳу оромӣ ва Ваҳдати комилро бар ивази азияту заҳмати сангин ва кӯшишҳои пайвастаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овард.

То ҳол ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта аз хотири мардум дур нашудааст ва сулҳу субот, оромӣ барои тамоми мардуми тоҷик азизу муқаддас аст.

Амалҳои хоинонаи Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯро мардуми тоҷик пайваста ва доимо маҳкум мекунанд. Гузашта аз ин, тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шудааст.

Барои ҳар яки мо сулҳу оромӣ, субот азиз аст. Мо бояд ба ин неъмати бебаҳо расида, истиқлолияти комилро ҳифзу муқаддас дорем.

 

Машокиров Шӯҳрат Усмонович

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *