Изҳороти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон оид ба ТТЭ ҲНИ ВА “Ихвонулмуслимин”

“ТЭТ ҲНИ” ва “Ихвон-ул-муслимин” ду ташкилоти террористиву эктремистие, ки исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, ҷинояткориҳои худро дар ҷаҳон ба амал баровардаанд. Лекин вақт довари беҳтарин аст, ва бо мурури замон ниқоби ин ду ташкилот афтода, симои дурушти онҳо ба мардум намоён гардид.

Созмони Ихвон-ул-муслимин фаъолияти мазҳабӣ ва сиёсӣ мебарад. Фаъолияти созмони номбурда соли 2003 дар Федератсияи Руссия, соли 2006 дар Тоҷикистон, дар Сурия, Урдун ва мамлакатҳои дигар ба хотири террористӣ ва экстремистӣ буданаш манъ гаштааст. Аммо ба ин нигоҳ накарда, ташкилоти мазкур ба таври пинҳонӣ ва ошкоро дар кишварҳои мухталиф фаъолият мебарад. Барои расидан ба ҳадафҳои худ намояндагон ва ё мубаллиғони созмони

ТЭТ ҲНИ шохае аз ихвон-ул-муслимин буда, аксари роҳбарони он дар асоси китобҳои саркардагони ихвонӣ Саидқуб ва Муҳаммадқуб ҳадафҳои худро барои бунёди давлати исломӣ ба роҳ мондаанд. Ихвониён чун ҳадафашон таъсиси як хилофати густурда буд, аз ин рў дар собиқ шўравӣ барои таъсис додани ячейкаҳои худ дар минтақаҳои мусалмоннишини ин кишвар таъсиси гурўҳҳои худро аз солҳои 70-уми асри 20 дар шакли пўшида ва пинҳонӣ таъсис дода, дар солҳои охири мавҷудияти шўравӣ, ки бозсозиву ошкорбаёнӣ ба вуҷуд омад, ба муборизаи ошкоро гузаштанд.

Аз таърихи ихвониҳо маълум аст, ки усули «қадам ба қадам», ки роҳи ором- ором исломӣ кардани ҷомеа аст, доимӣ набуда, он танҳо дар шароите ба кор бурда мешавад, ки ҳукумати рўз қудратмандтар аз ихвониҳо бошад. Чунончӣ дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ихвониҳо дар солҳои 70-ум, ки ҳукумати вақт ниҳоят пурқудрат буд, тактикаи қадам ба қадамро истифода намуданд ва ҳаракатҳои исломие аз қабили гурўҳи исломии Тошканд ва ҳалқаи Ҳиндустонӣ таъсис дода фаъол намуданд, ки асосан барои паҳн кардани таблиғоти адабиёти исломӣ дар байни аъзои ҷомеа ва ҷалби ҷавонон ва махсусан донишҷўён ба ин гурўҳ сафарбар карда шуда буд. Дар солҳои 90-ум бо кам шудани қудрати сиёсии Иттиҳоди Шўравӣ усули нав яъне «сиёсати зуроварӣ»-ро пеш гирифтанд. Дар ҳамин замина Ҳизби наҳзати исломиро созмон дода, бо истифодаи сиёсати зўроварӣ вазъиятро дар кишвар ноором сохтанд ва сохти конститутсиониро аз байн бурданд. Сабаби асосии сар задании ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маҳз сиёсати зўроварии ихвонипешаи ТЭТ ҲНИ буд.

Хулоса ТЭТ ҲНИ дар тамоми замони мавҷудияту фаъолияти хеш чи аз назари ақидавӣ ва чи аз назари амалӣ аз усулҳои Ихвон ул муслимин ба тарзи густурда истифода менамояд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *