Ташкилоти террористии ҲНИ ва дигар гуруҳҳои бадхоҳ дар хориҷи кишвар пас аз созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳам аз ѓаразу ҳамоқатҳои хеш даст накашида ба тарзи мудовом ба террори ақидагӣ машѓул шуд ва аз озодиву имконҳое, ки дар заминаи ин созишнома ба даст оварда буданд, кӯшиданд то ҷомеаро сахт мазҳабиву ҳуруфотӣ ва таассубзада намоянд.
Афкори пучу бемояи ин ҳизб зеҳни ҳазорон ҷавононро вайрон намуда, сабаби ба гуруҳҳои террористӣ пайваст шудани онҳо гардид. Қайд кардан ҷоиз аст,ки аз тарафи ҳамин гуна нафарон ҳамагуна хиёнатро интизор шудан мумкин аст.
Чанд ҳодисаҳои нанговаре,ки аз тарафе ин қабил нафарон дар ҷумҳуриамон ба вуқуъ омада маҳз бо дастури саркардагони ТТЭ ҲНИ сурат гирифтаанд, хиёнатҳои аввалини наҳзатиҳо набуд, балки онҳо хиёнатро аз бомдоди истиқлол шурӯъ намуда,дар солҳои 90-уми қарни гузашта вуҷуди миллату кишварро зери савол мондаанд.
Ѓайр аз ин чун дар замири саркардагони ин ҳизб арзиши истиқлолияту худшиносии миллӣ набуд,худро ба оѓӯши доираҳои мазҳабии баъзе кишварҳои исломӣ супурданд ва ба ҷои арҷ гузоштан ба Истиқлолият ва арзишҳои онро дар сатҳи миллӣ дарк намоянд. Аз тарафи дигар барои ин нафарон худи шинохти миллат дар дидгоҳи танг ва маҳдуд дақиқ дар шакли маҳалгароӣ ва дар шакли дину мазҳаб фаҳмида мешуд.
Аҳли ҷомеа ва мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ба афсонаҳои ТТЭ ҲНИ бовар надорад. Барои мардум аз ҳама муҳимтар суботи иҷтимоӣ ва сулҳу оромӣ мебошад. Ба ҳама маълум гардидааст, ки даъвату гуишҳои раёсати ин ҳизб на роҳнамоикунанда, балки гумроҳикунандаанд. Ҳамаи мушкилотро мо танҳо дар сулҳу осоиштагӣ бароварда карда метавонем.
Аз ин рӯ, ҳар фарди миллатро зарур аст масъулиятшинос шуда, барои халқу ватани худ покдилона хизмат намояд.Ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бар зидди душманони миллат-роҳбарони ТТЭ ҲНИ муттаҳид бошем.