Изҳороти кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ оид ба филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” ва аъмоли бадхоҳони миллат

Шабакаҳои телевизионии мамлакат филми мустанади «Хиёнат»-ро  намоиш доданд, ки дар он  кирдорҳои нобахшидании сарвар ва аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ)  комилан фош карда шудаанд. Филми мазкур дар асоси  далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст. Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои ҳизб ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро  мунсифона  тасвир намоянд.

Ҳар шахси худогоҳро тамошои ин филм водор месозад нисбати таърихи начандон гузаштаи худ бетафовут набошад. Зеро маҳз дар ин тасвирҳо он амалҳои зишту ғайриинсонии ин ҳизби мамнуъгардида нишон дода шудааст. Мақсади ин ватанбезорон, душманони миллат бо чеҳраҳои зери ниқоби дини ислом ғасби ҳокимият буду ба сари қудрат омадан буд. Бо суханҳои иғвоангезу амалҳои риёкорона мардуми оддиро бештар сайди доми худ мегардониданд. Хушбахтона ҳокимияти конститутсионӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат барқарор гардиду, нақшаҳои ғаразноки ин гуруҳҳо иҷро нагардиду тирашон дар шоҳроҳи сиёсат хок хурд.

Маҳз хизматҳои ин шахси сиёсатпеша Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз мо мардуми тоҷик ба ваҳдати миллӣ расидему ояндаи дурахшони диёри маҳбубамонро муайян намудем. Вале афсус боз ин гуруҳҳои манфиатхоҳ, ҳамаи ин пешравиҳову созандагиҳоро чашми дидан надоранд. Чеҳраҳои манфури худро имрӯзҳо нишон дода истодаанд, ки дар ин филм тасвири худро ёфтааст. Ҳамгиро будани ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ бо созмону ташкилотҳои террористии байналмилалӣ дар ин филм хеле равшан иъникос ёфтааст. Филми мазкур ҷиҳатҳои мусбии тарбиявиро соҳиб аст. Мо инро ба насли ҷавони имрӯз нуқта ба нуқта фаҳмонида бояд онҳоро бо ин чеҳраҳои хиёнаткори миллат огоҳ созем. То бидонанд решаи ҳақиқии таърихи соҳибистиқлолии халқи тоҷик аз куҷо сарчашма мегирад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *