Изҳороти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон баъди тамошои филми “Хиёнат”

Маълум аст ки сулҳу ваҳдат, тинҷӣ, осоиштагӣ беҳтарин ва волотарин неъмат мебошад, чунки ҳам ҷамъият ва ҳам давлат аз тинҷию амонӣ ва амният тарраққӣ меёбад. Ноором кардани ҷамъият бошад кори хоинони миллат буда, хилофи дини ислом низ мебошад. Яъне ин хиёнат аст.  Хиёнат кардан, ин бевафоӣ кардан, фиреб кардан, дар роҳи расидан ба манфиатҳои нопоки худ, расонидани хар гуна зарари модди ва маънавӣ аст.

Хиёнат ба миллат бошад рафторҳои барқасдонаи як фард ё гурӯҳе аст, ки манфиатҳои қудрати бегонаро бар зарари Ватан ва миллати худ авлотар дониста ва низоми амнияти миллии Ватан ва Ҳукуматро ба хатар андохта, ҳамкорӣ намудан бо душманони миллат мебошад. Чунин ашхос ва гуруҳҳо бо ҳар восита дар ҷиҳати таъмини ирода ва хоҳиши душмани амният ва тинҷӣ мехоҳанд миллатро ба хун оғӯшта кунанд. Онхо магар хоини миллат, хиёнатгор ба марзу бум, зодгоҳ, замини муқаддаси худ нестанд?

Дар ин ҷо мо бояд қайд намоем, ки хоинони миллат аз хориҷи кишвар шабакаҳои иҷтимоии интернетро ба мақсади нопоки худ истифода намуда, миёни мардум ҳар гуна гапҳои бофтаю дурӯғи беасосро нашр менамоянд. Аммо халқи дар солҳои навадум азиятдидаи мо, мардуми бофарҳанг ва боору номуси тоҷик ягон вақт ба гуфтаҳою даъватҳои хоинони миллат фирефта намешаванд. Тинҷӣ, осудагӣ, ободии Тоҷикистони азизро, хурсандии миллат, хушбахтиву ояндаи неки фарзандони худро ба ягон чиз иваз намекунанд.

Душманони мо ҳаргиз ба ин ниятҳои нопоки худ намерасанд. Барои он халқи тоҷик ва ҷавонон низ мақсаду ниятҳои нопоки душманони ватани худро дарк намудаанд, медонанд ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки чунин бадхоҳони миллат бо ҳамроҳии хоҷагони хориҷии худ нақшаҳои кашидаашонро дар кишвари азизи мо анҷом диҳанд.

Аз тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки оид ба паҳлӯҳои равшани ин хиёнаткориҳои хоинони миллат қисса мекунад, басо равшан гардид, ки  чунин тангназарон барои ба даст овардани сарватҳои муфт аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳанд намуд.

Ҳар як шаҳрванди дӯстдори Ватан, шукри озодиву амонӣ мекунад ва давлати соҳибистиқлоле, ки пас аз ҳазор соли маҳрумияту барканорӣ аз давлату давлатдорӣ ва адами иштирок дар сарнавишти хеш дубора ба арсаи сиёсӣ баргашта, обрую этибори хешро соҳиб шуд, мекӯшад ҳамеша дар ватани азизаш сулҳ ҳукмфармо бошад. Халқи ватандӯсти тоҷик ҳеҷ гоҳ намегузорад ки хиёнатгарони миллат байни мардуми шарифи тоҷик ҷудоӣ ангезанд, зиндагии орому осудаи моро халалдор созанд.

Халки тоҷик аз қадим бо мардонагӣ шуҷоат, якдилӣ сарзамини хешро аз хиёнатгарон ҳифз намудааст ва менамояд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *