Изҳороти факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтери роҷеъ ба маводи шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи суиқасд ба ҷони Кабирӣ

     Мо кулли устодону донишҷўёни факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сиёсати хирадмандонаву сулҳҷўёнаи ҳукумати Тоҷикистонро бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ, баҳри гул-гулшукуфӣ, баланд бардоштани обрўю эътибор ва нуфузи ин сарзамини аҷдодиямон, ин кишвари биҳиштосо, ки номаш Тоҷикистони соҳибистиклол аст, бо меҳнати софдилона, корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзандаи хешро мегузорем.

          Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоц хабару гузоришҳо дар мавриди суйиыасд ба ҷони Муҳиддин Кабирц ба нашр расиданд, ки аслан асос надошта, бар асари буҳтону туҳмат задан ба Ҳукумати кишвар ҷой дода шудаанд. Ҳадаф аз ин сару садоҳо ва овозаҳои бардурущ чист ва зери ин нимкосаҳо чц ниҳон аст, ҳама медонанд. Мардуми тоҷик дар тӯли таърихи соҳибистиылолии Ватани азизамон хуб дарк кардаанд, ки авзоъ то кадом дараҷа тащир хӯрдааст ва онҳо ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон нахоҳанд гашт.

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби экстремистиву терорристии ҲНИ ба ҷузъ он, ки худро пайваста «реклама» мекунад, кори дигар надорад. Мусаллам аст, ки сомонаҳо ҳам мехоҳанд, ки ба саҳифаҳояшон зиёдтар корбарони интернет ворид шаванд. Аз «Паёми Рамазонии Кабирӣ» ва мусоҳибаи иғвоангезаш бо Алим Шерзамонов шояд «Олим» бошад муддате нагузашта, худро бо баҳонаи «Сӯиқасд ба ҷонаш» расонаӣ кард. То ҳадде воҳима шудааст, ки дар масъалаи амни ҷонаш сохторҳои амниятии Иттиҳоди Аврупо ба ӯ сипари боэътимод аст. Ба гумони ман ин ҳангома аз пяр беш нест. Кабирӣ мехоҳад, ки бо ин ахбори бардурӯғ  барои худ имиҷ созад.

.

          Халқи тоҷик аз азал тараннумгари ахлоқи ҳамидаи инсонӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд. Мо дар тамоми дунё бо номи тоҷик, бо адлу инсофу хирад овозадору машҳур гаштаем, на бо хунрезиву ваҳшоният. Дину мазҳаби худро пок дошта, намегузорем, ки хоинони кишвар истифода аз нуфузи ин дини поку беолоиш мақсадҳои нопоки хешро амалӣ гардонанд.

          Мо бояд ба хубӣ дарк намоем, ки роҳи фардои мо на ба сўи ҷаҳолату низоъҳои иҷтимоӣ, мухолифатҳову якдигарнофаҳмиҳо, балки роҳи пойдор намудани Истиқлолият ва Ваҳдати миллист. Нагузорем, ки хоинони миллат кишвари тинҷу осудаи моро нотинҷ намоянд.

 

 

 

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *