Таҳаввули ифротгароӣ ва тундгароии динӣ дар шароити муосир

Дар вазъияти кунунӣ масъалаи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ аз хатарҳои ҷиддӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дониста мешавад. Ин ҷиҳати масъала тақозо менамояд, ки табиати ин зуҳурот заминахои пайдоиш, таҳаввулот ва сабабҳои фаъолгардонии онҳо пайваста, пурра ва хамаҷониба омӯхта шаванд.

Аз натиҷаи таҳлилҳои бӯҳрони сиёсӣ ва молиявию иқтисодиро дар ҷаҳон чунин хулоса кардан мумкин аст, ки гӯё сабаби асосии ҳамаи мушкилот дини ислом ва фарҳанги мусулмонӣ бошад. Оғози инқилобҳои «баҳори арабӣ» дар соли 2011 маҳз бо истифодаи исломи сиёсӣ боиси шиддати нооромиҳо ва задухӯрдҳои хунин дар кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ гардиданд, роҳбарияти олии ин кишварҳо дар зери фишори шиорафканӣ ва эътирозҳои майдонӣ иваз шуданд ва ба иқтисодиёту ичтимоиёт ва инфрасохтори онҳо хароҷоти ҷиддӣ ворид гардид. Ва то имрӯз пайравони ойини мусулмонӣ корҳои лояқиле анҷом дода истодаанд, ки тамоми дунёро дар ҳайрат гузоштааст.

Ба марҳилаи сифатан  хатарнок ворид  шудани вазъияти сиёсию ҷангӣ дар қаламрави Сурияву Ироқ ва Яману Либия пешгӯии хирадмандонаи Пешвои миллати тоҷиконро дар иртибот ба «вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудрат барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон» комилан тасдиқ мекунад. Зеро кӯшишҳои торумор ва несту нобуд кардани инфрасохтори марказии созмони террористии ДИИШ дар каламрави Сурия манфиатҳои сиёсӣ, динию мазҳабӣ, қавмӣ нажодӣ, марзию њудудӣ ва ниҳоят иқтисодию молиявии кишвархои калидии Ховари Миёна ва абарқудратҳои пуштибони онхоро мисли оина ошкор сохт.

Ва акнун ҳама бо як овоз тамоми мардуми кишвари валангори аз роҳбарияти сиёсӣ сар карда, то шаҳрвандони зану мард пиру ҷавон ва кӯдакони ҷабрдида ҳизбу харакатҳои сиёсию низомии теъдодаш аз 100 адад афзуншуда ва ҳар унсури ҷони зиндадоштаро ба гуфтушунид ва имзои созишномаи сулҳ даъват мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар майдони амалиёти чангии Сурия ҳузури ду нерӯи асосии разманда барои ҳама мисли рӯз равшан аст. Ачобати дигар он аст, ки аз зарбаҳои ҳавоии ҷонибҳо танҳо мардуми осоишта кушта мешаванду дидану шунидани шахсияти муҷоҳидон бисёр мушки ласт.

Ибодуллоев А.,

ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *