БАРНОМАҲОИ ТАРҲРЕЗИШУДАИ ТТЭ ҲНИ ВА ХОҶАГОНАШ АЁН АСТ!

Тибқи расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем, ки имрӯзҳо роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш на танҳо тариқи шабакаҳои иљтимоӣ, инчунин бо баёнияи тазоҳургаронаашон, дар кишварҳои Аврупо баромад намуда, нисбати Тоҷикистон ва давлату миллат бештар бадгумонӣ карда, тухми кинаву адоватро мекорад. Масалан  санаи 25 марти соли ҷорӣ дар назди Бундестаги парлумони Олмон дар Берлин баёнияи тазоҳургаронаи раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ бо иштироки зодагони Бадахшон баргузор гардид.

Мақсади  худнамоиши навбатии нохалафони миллат ин паст задани мавқеи давлату миллати тоҷик дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ, махсусан зери интиқод гирифтани ҳукумати имрӯзаи кишвар аст. Бадномкуниҳо шабеҳи туҳматҳои қаблӣ ҳаст, аммо бо шаклу намуди дигар. Ин навбат вобаста ба сафарҳои эҳтимолии Сарвари мамлакат дар кишварҳои Аврупо, қазияи Бадахшон ва аз зиндонҳо озод намудани пайравонаш,ки дар ошуби Хоруғ ҷиноят содир намудаанд, баромадҳои беасосу носолим намуданд.Ин баёния аз ҷониби бошандагони шаҳри Берлин хуш наомад ва умуман ба тазоҳуроту талабҳои худ аз намояндагони Аврупо посух нагирифтанд.Чунки нотавонбинону ҳасудхӯрон аз дурӯғу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик, сиёҳ бикунанд.  Воқеан аксари қонуншиканҳо ва ноором сохтани вазъи ҷомеа аз ҷониби аъзо ва раёсати ТЭТ ҲНИ коргардонӣ шудааст ва яке аз барномаҳои тарҳрезишуда ва ҳадафманди хоҷагонаш мебошад.

Хулоса, фаъолияти  нохалафони миллатро дар хориҷи кишвар маҳкум намуда, аз мардуми сарбаланди кишвар, бахусус ба муҳољирони меҳнат қарор дошта, даъват ба амал меорем, ки ҳушёру зирак бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдат расанд ва нагузоранд, ки кишвари азизамон бо дасисаи душманони миллат ба гирдоби ҷангу ҷилолҳо кашида шавад. Боварии комил дорем, ки мардуми тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон ва душманони миллат нахоҳанд шуд. Намегузорем, ки пои нохалафе марзу буми кишвари моро убур намуда, амну суботи кишвари моро халал ворид намояд.Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлатӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои азими Истиқлолияти давлатии кишварамон якҷо бо ниҳодҳои масъул амал намоянд.

                        М.АХМЕДОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *