Изҳороти кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ оид ба мубориза бар зидди эпидемияи коронавирус ва ташрифи Пешвои миллат ба ноҳияи Мастчоҳ аз 24.06.2020

 

Санаи 24.06.2020 дар Facebook навиштаҷоти Муҳаммадиқболи Садриддинро дида ба тааҷҷуб афтодем. Худи ӯ кист, зодаи кишвари мо аст? Наход то ҳамин андоза суханҳои дурӯғро ошкоро оммавӣ паҳн намояд. Магар ӯро ба қатори одамон гузоштан мумкин аст? Номи чунин палидро ба забон овардан макрӯҳ аст. Вай чӣ ҳақ дорад, ки аз номи мардуми шӯҳратманди Мастчоҳ гап мезанад? Биёед ҳарфҳои бардурӯғи ин палидро маънидод кунем.

Мо медонем, ки вируси Ковид 19 балои аср мебошад, ки мо бояд дастҷамъона бо он мубориза барем. Ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мо дар ин мубориза бетараф нестанд. Бо кӯмаки моддӣ, маслиҳати оқилона, муташаккилона риоя намудани тавсияҳои духтурон ва дигар мутахассисон бетараф набудани худро нишон медиҳанд. Аз дигар тараф бизнесменҳо ва соҳибкорони ватанӣ ва дар хориҷи кишвар будагон дар мубориза бар зидди вабои аср бетараф намебошанд. Ба муассисаҳои тиббӣ, камбизоатон, бекорон кумаки моддию пулӣ мерасонанд.

Дар замони мушкили пандемия ин ёриҳои ба кишвар, муассисаҳою кормандони тиб, камбизоатон расонидашуда қаҳрамонӣ мебошад.

Худи ин палид барои пешгирӣ аз ин балои аср чӣ кор кардааст? Ягон ҷоро дизенфексия кардааст? Ба ягон барҷомонда, беморхона, амбулатория воситаҳои ҳифзи инфиродиро харида додааст? Ба ҷои он, ки ба мардум дасти ёрӣ дароз кунад ӯ ҳамаро ба иштибоҳ меорад.

Ӯ ҷор мезанад, ки мардум музди меҳнат намегиранд. Мо медонем, ки агар ба буҷаи давлат аз муассисаҳои ноҳия маблағ ворид нашавад, пардохти маоши омӯзгорон, духтурон, нафақаи пиронсолон амалӣ намешавад.

Маълум аст, ки дар замони пандемия ба буҷа маблағ кам ворид мешавад. Мо бояд роҳҳои ҳалли ин мушкилиро ҷустанамон лозим аст, ки пиронсолон бе нафақа, омӯзгорону духтурон бе маош намонанд. Магар ин палид роҳи ҳалли ин масъаларо нишон дода метавонад?

Мо медонем, ки аз ҳар як ташрифи сарвари кишварамон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муассисаҳои нав ба кор дароварда мешаванд, роҳу кӯчаҳо обод мешаванд. Нафаре, ки ба ташрифи сардори давлат ба ноҳияи худ мамониат мерасонад, дар навбати аввал душмани мардуми ноҳия мебошад.

Лекин аз дигар тараф душманони халқу ватан, зархаридони хориҷӣ аз ин фурсати қулай истифода бурда, бо ҳар роҳ кӯшиш менамоянд, ки фазои иттилоотии моро заҳролуд намоянд. Одамон, махсусан ҷавонон шоҳид ҳастанд, айнан ҳамин хислатро дар ин рӯзҳои фоҷеабор ифротгароёни палиди наҳзатӣ дар намоиш гузоштаанд. Инҳо аз ҷумлаи пасттарин инсонҳои дунё ҳастанд.

Ба ҳамшаҳриёнамон, алалхусус ҷавонон муроҷиат намуда, мегӯем, ки ба Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Фахриддин Мирзомуротов ва дигар нохалафони амсоли инҳо бовар накунанд. Имрӯз онҳо аз мусибати мардум суд меҷӯянд ва сӯиистифода кардан мехоҳанд.

Аз ин сабаб мо аъзоёни кафедра ба сокинони кишварамон муроҷиат менамоем, ки

– душманони миллат, давлат, сарҳад надорад;

– онҳо барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки ноором сохтани фазои осуда аз ягон воситаю амалҳои зишт рӯй намегардонанд;

– барои онҳо марги сокини бегуноҳи кишвар хоҳ аз амали террористӣ ва хоҳ аз КОВИД-19 ҳодисаи хурсандибахш аст;

– мо сокинони Тоҷикистон бояд якдилона дӯсту душманро фарқ кунем, душманон ва пуштибонҳои онҳоро маҳкум намоем;

– ҳушёрии сиёсӣ ва шаҳрвандиро нигоҳ дорем;

– дар мубориза бар зидди бадбахтии ба сари аҳли башар омада бетараф набошем;

– аз шароити ба вуҷудомада ба таҳлука наафтем;

– бо ҳар роҳи имконпазир, хоҳ кӯмаки моддӣ, хоҳ маслиҳати муфид, хоҳ сухани тасаллибахш ба тезтар паси сар намудани ин бадбахтӣ ба ҳамдигар, ба халқу ватан мусоидат намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *