Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Facebook навиштаҷоти Муҳаммадиқболи Садриддинро дида ба тааҷҷуб афтодем. Худи ӯ кист, зодаи кишвари мо аст? Наход то ҳамин андоза суханҳои дурӯғро ошкоро оммавӣ паҳн намояд. Магар ӯро ба қатори одамон гузоштан мумкин аст? Номи чунин палидро ба забон овардан макрӯҳ аст. Вай чӣ ҳақ дорад, ки аз номи мардуми шӯҳратманди Мастчоҳ гап мезанад? Биёед ҳарфҳои бардурӯғи ин палидро маънидод кунем.
Мо медонем, ки вируси COVID-19 балои аср мебошад, ки мо бояд дастҷамъона бо он мубориза барем. Ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мо дар ин мубориза бетараф нестанд. Бо кӯмаки моддӣ, маслиҳати оқилона, муташаккилона риоя намудани тавсияҳои духтурон ва дигар мутахассисон бетараф набудани худро нишон медиҳанд.
Худи ин палид барои пешгирӣ аз ин балои аср чӣ кор кардааст? Ягон ҷоро дизенфексия кардааст? Ба ягон барҷомонда, беморхона, амбулатория воситаҳои ҳифзи инфиродиро харида додааст? Ба ҷои он, ки ба мардум дасти ёрӣ дароз кунад ӯ ҳамаро ба иштибоҳ меорад. Худи ӯ медонад, ки дар Мастчоҳ чанд кас гирифтори ин беморӣ аст ва чанд кас ҳалок шудааст?
Ӯ ҷор мезанад, ки мардум музди меҳнат намегиранд. Мо медонем, ки агар ба буҷаи давлат аз муассисаҳои ноҳия маблағ ворид нашавад, пардохти маоши омӯзгорон, духтурон, нафақаи пиронсолон амалӣ намешавад. Масалан, дар соли 2015 аз ҳисоби кам ворид шудани маблағ ба буҷа омӯзгорон 3-4 моҳ моҳонаашонро дертар гирифта буданд. Ин маблағ аз ҳисоби фонди вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ рӯпӯш шуда буд. Маълум аст, ки дар замони пандемия ба буҷа маблағ кам ворид мешавад. Мо бояд роҳҳои ҳалли ин мушкилиро ҷустанамон лозим аст, ки пиронсолон бе нафақа, омӯзгорону духтурон бе маош намонанд. Магар ин палид роҳи ҳалли ин масъаларо нишон дода метавонад? Ӯ дар ҳалли ин гуна масъалаҳо тамоман бесавод аст.
Мо медонем, ки аз ҳар як ташрифи сарвари кишварамон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муассисаҳои нав ба кор дароварда мешаванд, роҳу кӯчаҳо обод мешаванд. Нафаре, ки ба ташрифи сардори давлат ба ноҳияи худ мамониат мерасонад, дар навбати аввал душмани мардуми ноҳия мебошад. Худи ӯ медонад, ки барои ободии ноҳия бахшида ба 30 солагии истиқлолияти кишварамон ба кор даровардани кадом корхонаҳо ба нақша гирифта шудаанд ва кадоме аз онҳо ҳоло ба кор дароварда шудаанд? Аз амалӣ шудани ин нақшаҳо некӯаҳволии сокинони ноҳия вобаста аст.
Ҳалли масъалаи маоши кормандон дар ҳамин ҷо ниҳон аст. Ин палид бо ақли кӯтоҳи худ ба ин масъала сарфаҳм намеравад.
Ӯ бо ақли кӯтоҳи худ ба сохтмони аср, НБО Роғун шубҳа кардааст. Ин иншооти тақдирсоз ифтихори ҳар як шаҳрванди кишварамон мебошад.
Мо боварӣ дорем, ки дар ин рӯзҳои мушкил сохтмон суст нашудааст ва кормандони он сари вақт моҳонаи худро мегиранд. Ин гуна палидҳо пешравии кишвари мо умуман чашми дидан надоранд.
Чӣ хеле, ки мебинем, душманони халқу миллат бо ҳар роҳ мехоҳанд, ки ба пешравии ватанамон халал расонанд. Эпидемияи ба сари мо омада имтиҳони ҷидди дастҷамъии халқамон мебошад. Аз чунин ҳолати мушкил чунин палидон сӯиистеъмол мекунанд. Аз ин сабаб вақти он расидааст, ки мо дӯсту душманонро фарқ куне
Иброгимов И.,
дотсенти кафедраи
математекаи олӣ ва
технологияҳои ДИС ДДТТ