Изҳороти ҷавонони ДИС ДДТТ оид ба терроризму экстремизм ва гуруҳҳои тундрав Ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва экстремистиро маҳкум мекунем!

Фазои сиёсии ҷаҳони имрўза дар қиёс бо тамоми давраҳои таърихи башарият хеле ҳассос ва хатарпазир гардидааст. Бегумон, ин ҳолат ба чанд омил иртиботи мустақим дорад. Пешрафти бемайлони технология, ихтирои василаҳои муоширати осону озоди электронӣ, сохтану паҳншавӣ ва таҳдиди навъҳои гуногуни яроқи қатли ом, инчунин зуҳури ҳаракатҳои шадиди наҷодиву миллӣ ва диниву мазҳабӣ руҳи ороми ҷаҳонро ба ларза даровардаанд. Агар инсоният бо пешбурди истеҳсолоту саноат ва кашфу тадқиқи кайҳон вазъи экологии сайёраро вайрон карда, боиси тащйири иқлим гардида истода бошад, боз ҳам худи ў бо пайдоиши ақидаву таълимотҳое машщул аст, ки фазои маънавии оламро ба куллӣ дигаргун месозанд. Мутаассифона, дар баробари паҳншавии вирусҳои марговаре ба саломатии фарзандони одам ҳамарӯза хавфу хатар эҷод менамоянд, вируси дигаре ҳам бо номи экстремизму (ифоротгароӣ) терроризм дар гӯшаву канори олам доман мегустаронад.

Дар шакли умумӣ ифротгароӣ ҳамчун пайравӣ ба ақида ва амалҳои чапгарое мебошад, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷудбударо қатъиян рад мекунад. Ифротгароие, ки дар соҳаи сиёсии ҳаёти давлат ва ҷомеа ба миён меояд, ифротгароии сиёсӣ ва ифротгароие, ки дар соҳаи дин ба миён меояд, ифротгароии динӣ номида мешавад. Дар моддаи 3-и Қонун «Дар бораи мубориза бо экстремизм» гуфта шуда буд, ки ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошанд, ки ба бенизомӣ, тащйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, щасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъи наҷодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад.

Бадии ин зуҳуроти манфии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии ҷаҳон аз он иборат аст, ки саркардагону манфиатчиёни ин тамоюл дини мубини исломро ба худ ниқоб мекунанд ва зикри номи бузурги Худовандро дар қатлу куштор сарсухани «щалаба»«муваффақият»-ҳои худ меҳисобанд. Бо назардошти ин ҳолат маълум мегардад, ки имрўз дар ҷаҳон ягон давлате нест, ки аз ин вабо эмин бошад, яъне таҳдиду зарари ин зуҳуроти оламсӯзро тамоми ҷомеаи инсонӣ беш аз пеш эҳсос менамояд. Ҳоло терроризме, ки исломи пок ва номи Худову Пайщамбари охирини ӯро чун парчам баланд бардошта, хуни ҳазорон кӯдакони бегуноҳ, занону мардони бечораву залилро мерезад, чун хор дар гулистони ҳаёти осоиштаи мардум сар берун мекунад ва барои онҳо гӯё чизе дар олам ба щайр аз куштан, сӯхтан ва тарконидан муқаддасу гиромӣ нест.

Дар ниқоби ислом ва истифода аз нуфузи ин дини поку беолоиш, ки дар қиёс бо дигар динҳо афзалтарин дин ҳисобида шудааст, ҷараёнҳои тундрав ва душманони миллату аҷнабиён мехоҳанд фитна миёни мусулмон биандозанд ва ба ин васила мусулмонро ҳамчун қотил ва ҷаллоду бераҳм тасвир кунанд. Ба таври дигар гӯем, ислом ҳамчун василае барои расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсӣ истифода мешавад. Ошкор аст, ки ин ҳама бедодгариву ищвоангезӣ аз хориҷи кишвар шомили кишвари мо гардида, дар як муддати ниҳоят кӯтоҳ пеши ҷавонони миллатро густурда, намаки бо ислом омехтаи худ дар афкори ҷавонон мӯҳри бегонапарастӣ гузошт. Ин ҳама воситаи ищвоангезӣ миёни давлату миллат аст, аммо дар асл ислом айбе надорад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *