Изҳороти донишҷўёни ДИС ДДТТ оид ба фаъолияти ғайриқонунии ҳизбҳои ифротгаро ва террористӣ

Мо, донишҷўёни ДИС ДДТТ фаъолияти пасипардагии Ҳизби ғайриқонунию экстремистиву террористии Наҳзати исломииро маҳкум намуда, ба тамоми ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дохил ва хоричи кишвар зиндагй ва кору фаъолият менамоянд, муроҷиат менамоем:

Дар бораи тундравй ва ифротгароӣ дар матбуоти даврӣ кайҳост, ки баҳсу мунозираҳо оғоз шуда буданд, аммо, ин мафҳум ба мардуми тоҷик ошно набуд. Вақте ки мо дар бораи ифротгароӣ сухан меронем, ҳамоно калимаи тундравӣ дар назар дошта мешавад. Ин мафҳум аз рӯи моҳияти худ, маънои ҳодисахои хатарнокро дошта, баробари шунидани он дар вуҷуди онҳо ҳамоно эҳсоси хатар, эхтиёт ва инкор зоҳир мешавад.

Ҳарчанд мо ҷавонони даврони истиқлолиятем, аммо таҷрибаи зиндагӣ нишон дод, ки ҳамаи амалу рафторҳои ғайриқонуниву ғайриинсонии аъзои Ҳизби экстремистиву террористии Наҳзати ислом бешубҳа мушоҳида гардиданд. Дар ҳоле, ки Тоҷикистон ба ҳамаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон шароити мусоидро фароҳам сохтааст. Аслан, дини мубини Ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммулпазирӣ, тараҳҳум ва тавозӯъ хидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатои маҳз ба шумор меравад.

Фаъолияти ғаразноки онҳо аз ҳодисаҳои куштор ва даҳшатнок ибтидо гардида, аъзои он ба гуруҳҳои тундрав шомил шуданд. Ҳатто бо даъвати худ онҳо ҷавононро гумроҳ намуда, бо ҳамин роҳ фирефтагони хешро ба давлати чангзада сафарбар менамуданд, ки дар натиҷа, даҳҳо ва садҳо кӯдаконро бепадару модар намуда, хазорон оиларо аз байн рабуд. Зеро онҳо ақидаҳои бегонапарастӣ, хадафи вайрон намудани сохти конститутсионӣ ва ба ном пойдор намудани “давлати исломй”-ро доштанд.

   Мо нерӯи зеҳнии хешро бар зидди акидаҳои бегонапарастӣ равона намуда, барои ободиву оромӣ, тантанаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат талош хоҳем намуд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *